Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраи ҳафта: Андиҷони ғарқи мотам


Шаҳри Андиҷони Узбакистон дар чанд рӯзи охири ин ҳафта шоҳиди хушунатҳои пурқурбоние буд, ки ба гуфтаи мақомот 30 кушта ва ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башар ва шоҳидон дасти кам 300 кушта ба ҷо гузоштааст.

Шаби панҷшанбе ба ҷумъа як гурӯҳ бо анҷоми ҳамла ба воҳидҳои низомиву интизомии мустақар дар Андиҷон силоҳ ба даст оварда, теъдоде аз маҳбусони зиндони воқеъ дар ин шаҳрро озод мекунад. Сипас ин гурӯҳ сохтмони маъмурияти вилояти Андиҷонро ишғол карда, субҳи ҷумъа дар ҳавлии ин сохтмон даст ба тазоҳуроте мезанад, ки дар они воҳид издиҳоми бузургеро гирди ҳам меоварад.

Аз маҳбасот раҳо кардани афроди муттаҳам ба узвият дар созмонҳои тундрави мазҳабӣ, аз ҷумла 23 маҳбуси муттаҳам ба узвият дар созмони мавсум ба "Акрамия" ва ҳамчунин талаботи иҷтимоӣ аз умдатарин талаботи тазоҳурот дар Андиҷон будааст. Шарифҷон Шокиров, яке аз тазоҳургарон дар аввалин соъоти шурӯъи гирдиҳамоии Андиҷон бо дафтари Родиёи Озодӣ дар Тошканд дар тамос шуда, дар бораи талаботи тазоҳургарон чунин гуфт: "Як дархости мо ин аст, ки ҳукми зиндони 23 нафар лағв шавад ва ҳамаи онҳое, ки бо ҷурми узвият дар гурӯҳи "Акрамия" зиндонӣ шудаанд, бо шумули худи Акрам Юлдошев, озод карда шаванд. Дар маҳбасоти Узбакистон маҳбусони сиёсӣ зиёданд ва мо мехоҳем, ҳамаи онҳое, ки бо ҷароими бардурӯғ ба зиндон афканда шудаанд, раҳо карда шаванд."

Ташаннуҷи вазъ президенти Узбакистон Ислом Каримовро маҷбур мекунад роҳии Андиҷон шавад. Давлат ба шаҳр ниру ворид мекунад ва вазъ ба зудӣ ба хушунату ба даргирӣ мепечад.

Нирӯҳои давлатӣ болои издиҳоми тазоҳургарон низ оташ мекушоянд ва раисиҷумҳур Ислом Каримов баъдан дар хусуси ҳалокати 30 нафар, аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва шоҳидон роҷеъ ба ҳалокати дасти кам 300 нафар дар Андиҷон сухан меронанд. Ба ҳар сурат, сохтмони маъмурияти вилояти Андиҷон дубора таҳти тасарруфи мақомот омад, вале тирпарониҳо дар ину он гӯшаи Андиҷон дар тӯли рӯзи шанбе ҳам шунида мешуд.

Президент Ислом Каримов, ки рӯзи шанбе баъди бозгашташ аз Андиҷон дар Тошканд як нишасти дувунимсоатаи хабарӣ барпо кард, гуфт, се гурӯҳи мусаллаҳ аз тазоҳургарони Андиҷон тавонистаанд аз шаҳр хориҷ шаванд. Ислом Каримов зимнан масъулияти беназмиҳо дар Андиҷонро ба дӯши Ҳизб-ут-Таҳрир бор кард ва гуфт: "Ҳадафи онҳо ба фоидаи худ гардондани вазъ дар Андиҷон ва барҳам додани низоми қонунӣ буд ва мехостанд бо истиқрори як шохаи давлати афсонавие, ки Хилофати Исломиаш меноманд, дар он ҷо қонунҳои худу ҳукумати худро ҷорӣ кунанд." .

Аммо дафтари Ҳизб-ут-Таҳрир дар Лондон билофосила ҳар навъ даст доштанаш дар рӯйдодҳои ахирро радд карда гуфт, ин ҳаводис худ ҳокии зуҳури аввалин нурҳои хилофати исломӣ дар уфуқи Узбакистон аст. Муҳаммад Солиҳ, раҳбари ҳизби демократии Эрк, ки дар Осло ба сар мебарад, тазоҳуроти Андиҷонро исёни мардум алайҳи давлати худкомаи Ислом Каримов унвон кардааст.

Иттиҳоди Аврупо масъулияти ин ҳаводисро ба дӯши мақомоти Тошканд гузошт, ки ба гуфтаи Бруксел, ҷиҳати ҳалли масоили ҳуқуқи башару мурооти қонун ва ҳалли масоили фақр дар Узбакистон таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намекард. Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва паймони низомии НАТО ҳар ду тарафи низоъи Андиҷон - ҳам давлати Узбакистон ва ҳам тазоҳургаронро ба хештандорӣ хонда, гуфтаанд, масоил бояд бо роҳҳои осоишта ҳалл шаванд, на бо хушунату хунрезӣ. Скот МакКлелан, сухангӯи Кохи Сафед аз ҷумла гуфт: "Мо ҳам давлат ва ҳам тазоҳургаронро даъват мекунем, ки дар чунин вақт аз хештандорӣ кор бигиранд. Мардуми Узбакистон мехоҳанд як давлати фарогиртару демократитарро сари кор бубинанд, вале ин кор бояд на бо роҳи хушунат, балки бо роҳҳои осоишта амалӣ шавад."

Рӯзи шанбе раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як гуфтугӯи телефонӣ масоили Андиҷонро бо ҳамтои узбаки худ Ислом Каримов баррасӣ кард. Маскав он рӯйдодҳоро "ҳамлаи тундравона" номида маҳкум ва аз давлати Каримов пуштибонӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ибтидо рӯйдодҳои Андиҷонро кори дохилии худи Узбакистон унвон карда буд.

Маҳофили русӣ ҳамзамон эҳтимоли ба соъирманотиқи Узбакистон ва ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ кӯчидани рӯйдодҳои ба мисли хушунатҳои Андиҷонро сарфи назар намекунанд. Ҳамин тавр, масъалаи Андиҷон дар Тоҷикистон ҳам ба як мавзӯъи аввали вирди забони мақомот ва маҳофил табдил ёфтааст.

Муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев ба ИТАР-ТАСС гуфт, вақте хонаи ҳамсоя дар мегирад, ин оташ метавонад ба зудӣ ба манзили мо ҳам асобат кунад ва хусусан, ки Узбакистон наздиктарин ҳамсояи мост. Исомуддин Салоҳиддинов, мушовири президенти Тоҷикистон низ нигаронии Душанбе дар бораи вақоеъи Андиҷонро таъкид кард, вале гуфт, мутмаин ҳаст, ки рӯйдодҳои Андиҷон таъсири чандоне барои Тоҷикистон дошта наметавонанд. Мудири маркази таҳлилии Диалог Искандар Асадуллоев мегӯяд, ҳаводиси Андиҷон ба сурати умури раванди ислоҳоти демократӣ ва ҳам суботро дар минтақа латма хоҳад зад.
Узви Маҷлиси Намояндагон Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, сабаби иттифоқ уфтодани ин воқеъоти хунинро бояд дар мушкилоти дохили худи Узбакистон ҷуст. Б ақидаи оқои Кабирӣ, сабри мардум дар Андиҷон ба андозае сар омадааст, ки ҳатто номи як нафар ва талаби озодии вай барояшон парчами мубориза шуд.

Ҳамин тавр, муовини раиси маркази таҳқиоти стротежии марбут ба дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфуллоҳ Сафаров ҳаллношудани боқӣ мондани мушкилоти ба хусус иҷтимоӣ дар Узбакистонро як далели аслии бурузи тазоҳурот ва баъдан хушунатҳо дар Андиҷон медонад. Аммо таҳлилгари тоҷики муқими Хуҷанд Бобоҷони Икром ҳамзамон аз сабабҳои дигари ин ҳаводис сӯҳбат мекунад: "Сар задани ин воқеъоти хунин дар Андиҷон, пеш аз ҳама, сабабҳои сиёсӣ дорад. Поймолшавии ҳуқуқи инсон дар водии Фарғона ва бахусус, дар вилоёти Намангону Андиҷон ба касе пӯшида нест. Дигар сабаб арзи вуҷуд кардани Ҳизб-ут-Таҳрир ва ба зиндон кашидани афроди зиёде бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин созмон. Қарори маълум, ҳар яки онҳо хешу табори зиёде дорад, ки низ ба суфуфи мухолифини давлат пайвастанд. Дигар пойдории режими давлат дар Узбакистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар ниҳоят косаи сабри мардумро лабрез гардонд. Ва сабабҳои иҷтимоӣ: Дар Осиёи Марказӣ фақиртарин мардум мардумест, ки дар водии Фарғона, аз ҷумла дар вилоятҳои Намангону Андиҷон ва вилояти Фарғона зиндагӣ мекунанд."

Ва баргардем ба вокунишҳои байналмилалӣ, ки шадидтаринаш вокуниши Иттиҳоди Аврупо буд, ки ҳамчунин мегуфт, ин ҳаводис бояд давлати Узбакистонро ба сӯи анҷоми сареътари ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ ташвиқ кунад. Ва аммо танҳо дар ҳафтаҳои баъд хоҳем дид, ки Тошканд аз рӯйдодҳои Андиҷон чӣ сабақе барои худ бардоштааст.
XS
SM
MD
LG