Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Регар -ТадАЗ" ба даври ниҳоии Ҷоми раиси футболи Осиё роҳ ёфт


Дастаи «Регар - ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти ҷоми раиси AFС ва ё Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфт. Футболбозони тоҷик дар нахустин мусобиқа, ки дар пойтахти Непал - шаҳри Катманду ҷараён дорад, дар бозии ниманиҳоӣ бар тими «Блу Стар Спортс», қаҳрамони Шри-Ланка бо натиҷаи 6 бар0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳамлагар Сӯҳроб Ҳамидов дар дақиқаи 13 бозӣ ҳисобро боз намуд ва ӯ дар дақиқаи 34 голи дуюмро ба ҳадаф расонд. Пеш аз танаффус Хуршед Маҳмудов ҳисобро афзун кард. Абдулло Умарбоев дар дақиқаи 70 қисми дуюми бозӣ муваффақ гашт. Баъди чаҳор дақиқа зарбаи сахти Маъруф Рустамов дарвозабони рақибонашонро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад.Ва ниҳоят пеш аз хотимаи дидор Шуҷоат Неъматов голи шашум ва охиринро дар ин бозӣ ба ҳадаф расонд.

Иштван Секеч, мураббии варзидаи футбол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тими «Регар - ТадАЗ» имкони хубе дорад, ки нахустин барандаи ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё шавад. Вай афзуд, беҳтарин бозигарон дар ҳайъати «Регар - ТадАЗ» ҷамъ шудаанд ва онҳо ба таври сазовор мубориза мебаранд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тими «Дордой - Динамо»-и шаҳри Норини Қирғизистон ва дастаи «Три Стар Клуб»-и Непал зӯрозмоӣ карданд. Вақти асосӣ ва иловагӣ бо натиҷаи мусовии 0 - 0 хотима ёфт. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бозингарони «Дордой - Динамо» маҳорати баланд нишон дода, бо натиҷаи 4 бар 3 ғалаба карданд. Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбе, 14 май баргузор мешавад, «Регар - ТадАЗ» ва «Динамо - Дордой» барои дарёфти ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё талош хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG