Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсири ҳодисаҳои Андиҷон ба вилояти Суғд


Ба думболи ҳодисаҳои вилояти Андиҷон, воқеъ дар қисмати шарқии Узбакистон ин кишвар аз соати 5- и субҳи рӯзи 13 май тамоми гузаргоҳҳои марзиву гумрукии худро, ба ҷуз гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дар марз бо минтақаи шимолии Тоҷикистон ба сурати якҷониба баста, убур ва мурури шаҳрвандони ҳар ду ҷонибро ба ду самт манъ кардааст.
Узбакистон дар ин бора идораи ситоди марзбонии вилояти Суғдро огаҳ кардааст. Ба иттилоъи ҳамин манбаъ, ситоди марзбонии Суғд нирӯҳои низомии худро дар минтақаи ҳаммарз бо Узбакистон тақвият дода, тафтиш ва контроли вуруди шаҳрвандон ва нақлиёти ин кишварро ба қаламрави минтақаи шимолии Тоҷикистонро сахттар кардааст.
Вале идораи роҳи оҳани Хуҷанд мегӯяд, тартиби гузари транзитии қатораҳои мусофирбар ва боркашони Узбакистон аз сӯи минтақаи водии Фарғонаи ин кишвар, аз ҷумла аз шаҳри Андиҷон ба ҳоли пешин бетағйир боқӣ мондааст. Баъди нимрӯз дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд масъулин гуфтанд, ки шоми 13 май мунтазири омадани қатораи Бухоро - Андиҷон ҳастанд. Аммо онҳо ҳамчунин гуфтанд, ҳарчанд қатораҳои Узбакистон дар истгоҳи Хуҷанд барои кӯтоҳмуддат таваққуф мекунанд, вале тибқи низоми ҷорӣ хуруҷ ва вуруди шаҳрвандони ҳар ду кишвар бо он иҷозат нест. Вилояти Суғд дар водии Фарғона бо се вилояти Узбакистон, Фарғона, Намангон ва Андиҷон роҳҳои ягонаи нақлиётӣ дорад ва равуои шаҳрвандони ҳар ду ҷониб тавассути ин ҷодаҳо тавассути 10 гузаргоҳи марзиву гумрукӣ, аз ҷумла ду гузаргоҳи роҳи оҳан дар Хуҷанду Конибодом сурат мегирад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд Сабабҳои сар задани ошӯбу ноамнӣ дар Узбакистон аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик Бобоҷон Икромов
XS
SM
MD
LG