Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии камонварони тоҷик дар Туркия


Дастаи мунтахаби занонаи камонварии Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи дуввуми мусобиқа барои дарёфти ҷоизаи «Гран-при»-и Аврупо роҳ ёфт. Ин даста дар ҳайъати Наргис Набиева, Фирӯза Зубайдова ва Албина Камолиддинова дар мусобиқаи байналмилалии камонварӣ дар шаҳри Анталияи Туркия натиҷаи хуб ба даст овард. Ва аммо Наргис Набиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иллати набуди маблағ дастаи Тоҷикистон дар марҳилаи дуввуми мусобиқа ширкат намекунад ва иштироки камонварзанони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон моҳи июн дар пойтахти Испания-шаҳри Мадрид дар назар аст.

Ва дигар ин ки рӯзи 12-уми май тими мунтахаби дзюдои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ба шаҳри Тошканд сафар кард. Бино ба иттилои Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби ин кишвар дар ин мусобиқа Тоҷикистонро гӯштигирони маъруфи тоҷик бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо, Рауф Ҳукуматов, Парвиз Собиров, Алишер Каримов ва Неъматулло Асронқулов намояндагӣ мекунанд. Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштии дзюдо дар пойтахти Узбакистон аз 13-ум то 16-уми май идома мекунад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG