Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон


Рӯзи 12 май дар шаҳри Душанбе ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Федералии Олмон якчанд қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои моливу техникиро ба имзо расониданд. Сафорати Олмон дар Душанбе изҳор намуд, ки маблағи умумии барномаҳои муштарак бисту шашу ним миллион евро ва ё тахминан 33 миллион долларро ташкил медиҳад.

Аввалан бист миллион евро ба бозсохти нерӯгоҳи барқи обии Норак тахсис дода мешавад, ки аз байн 13 миллион қарзи боимтиёз ва ҳафт миллион доллар кӯмаки бебозгашт ва ё грант мебошад. Беш аз дуву ним миллион еврои ҳукумати Олмон барои татбиқи барномаҳои мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон масраф мешавад. Бар илова Олмон дар иҷрои лоиҳаҳои техникиву маориф саҳм мегирад.
Рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи порлумони Аврупо дар Страсбург вакилон ба зарурати тарҳрезиву татбиқи барномаи стратегии ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора карданд. Чунин барномаи фарогир то ҳанӯз матраҳ нашудааст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Душанбе аз Ҳубертус Клинк муовини сафири Олмон дар Душанбе пурсидам, ки қарордодҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ки имзо шуд, мустақим ҳастанд ва ё дар чорчӯби Иттиҳодияи Аврупо.
Дипломати олмонӣ гуфт: "Мо як барнома барои кулли минтақа тарҳрезӣ кардаем. Он ба ваҷҳи умум ду ҳадаф дорад, яке коҳиши камбағалӣ ва дуюм, рушди ҷомеаи демократӣ. Ин ду ҳадафи стратегии мост. Ва бар илова дар ин чорчӯб мо бо дӯстони аврупоиямон ҳамкориро тавсиа мебахшем. Дар айни замон ин суханон ҳам ҳақиқат доранд, ки феълан як стратегии умумиаврупоӣ барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад."

Олмон ягона кишвари Аврупои ғарбист, ки бо Тоҷикистон мустақиман пайваст мебошад, яъне ҳавопаймои хати сайри Душанбе-Мюнҳенро дар миёни онҳо парвозҳо анҷом медиҳад. Вале пайванди Олмон бо Тоҷикистон бештар аз он аст. Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон баъди фурӯпошии Шӯравӣ ба ватани "бобоӣ" ба Олмон баргаштанд ва он донишу малакае, ки онҳо аз Тоҷикистон бо худ бурдаанд, имрӯз баҳри беҳбуди Олмон истифода мешавад. Аз ҷаноби Ҳубертус Клинк пурсидам, ки оё Олмон дар муқобил ҷуброне пешниҳод кардааст?

"Бале, мо кишвари аврупоие ҳастем, ки беш аз ҳар кишвари дигар донишҷӯёни тоҷикро барои таҳсил қабул мекунем. Вобаста ба сол аз 20 то 25 донишҷӯӣ тоҷик солона дар Олмон ё забони олмонӣ худ мекунад. Мо умед дорем, ки ҷавонони тоҷик баъди хатми таҳсил дар донишгоҳҳои Олмон ба ватанашон баргашта, дар беҳбуди вазъи умумии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маърифатии Тоҷикистон саҳм мегиранд. Шумо дар Тоҷикистон беҳтарин мутахассисонро дар ихтиёр доред. Вақте чанд сол пеш ҳамкори моро дар тасодуф дасташро маҷрӯҳ карда буд, табибони шумо ӯро муолиҷа карданд. Дар Колон, маркази ҷарроҳиҳои пластикии Олмон баъди тафтиши дасти консули Олмон дар Душанбе гуфта буданд, ки ин амалиётро касе аз ин беҳтар иҷро карда наметавонад. Ин баҳои баланд ба табибони тоҷик аст. Дар айни замон мо табибони тоҷикро бо роҳҳои гуногун дастгирӣ мекунем. Масалан, дар Душанбе як табиби дандон иқомат дорад, ӯ беш аз як сол дар Олмон зиста, забони он ҷо ва касби табиби дандонро омӯхт. Ҳозир ман ҳам аз муштариёни ӯ мебошам."

Кишварҳои аврупоӣ ба мамолики ниёзманд миллиардҳо доллар кӯмак мерасонанд. Одатан баъди муддате касе ин ёриҳоро дар хотир надорад. Вале солҳои ахир роҳи дигари кӯмак, таҳкими равобити байниҳамдигарӣ, рафтуомад ба истилоҳ "табодули фарҳангӣ" авҷ гирифтааст. Чанде пеш беҳтарин дастаҳои футболи Англияву Испания ба манотиқи зери назорати фаластиниҳо ва Исроил сафар карда, аз тариқи тамринҳои муштараки наврасони исроиливу фаластинӣ насли ояндаро ба суҳлу дӯстӣ ташвиқ карданд. Дар Чин бисёриҳо сафари дастаи "Манчестер Юнайтед"-ро дар ёд доранд. Ба дипломати олмонӣ гуфтам, оё имкони ин ҳаст, ки дастаи футболи "Бавария"- и Мюнҳен ба Тоҷикистон ояд ва рӯзе ба футболбозони ҷавони тоҷик дарс диҳад, зеро ин ҳодисаи фаромӯшношуданӣ барои он ҷавонон хоҳад буд.

Ҳубертус Клинк: "Бояд қоил шавам, ки мо чунин нақша надорем. Медонед, ба ин ҷо овардани ин қабил мардуми машҳур осон нест. Аммо мо дар ин самт ҳам фаъол мебошем. Ахиран мо як раҳбари оркестри шаҳри Мюнҳени Олмонро ба Душанбе даъват кардем ва ӯ дар Қасри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳунармандони ҷавони тоҷик сабақ дод ва дар нахустнамоиши операи "Ла Травиата" ҳунарнамоиро раҳбарӣ кард. Ӯ боз ба ин ҷо хоҳад омад."

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG