Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи шашмақом дар Тоҷикистон ва озмуни шашмақомхонӣ дар вилояти Суғд


Ҷавонтарин ширкаткунандаи фестивал - озмуни шашмақомхонӣ дар шаҳри Хуҷанд - Шодмон Сулаймонии понздаҳсола аз ноҳияи Мастчоҳ, ки ғазали Зебуниссо - шоираи классикии форсу тоҷикро ба ҳавои «Ушшоқи самарқандӣ» сароид, дар озмуни рӯзи 12 май, ки дар он шашмақомхонҳои беҳтарин аз 19 шаҳру навоҳии Суғд иштирок доштанд яке аз ҷоизаҳои асосиро ба даст овард.

Вай дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ орзуи дили худро чунин баён дошт: «Ман мехоҳам, дар оянда мисли падарам - Сулаймони Шариф, монанди устодони шашмақом - Ҷӯрабеки Мурод ва Боймуҳаммади Ниёзӣ ҳофизи шашмақом шавам, зеро ман шашмақомро бисёр дӯст медорам ва сурудҳоеро бар ҳавои «Соқиномаи савти калом» «Таронаи баёз», «Чапандози ироқи Бухоро» хондаам.»

Фестивал - озмуни шашмақомхонӣ бо ибтикори дастаи ҳунарии «Нури Хуҷанд» ва идораи фарҳанги ҳукумати Суғд баргузор гардид. Ҷӯрабеки Мурод - овозхони маъруфи тоҷик, сарвари дастаи «Нури Хуҷанд» мегӯяд, чунин озмун соли сеюм аст, ки ба хотири эҳё ва муаррифии ин мусиқии қадими тоҷикӣ ва кашфи шашмақомхонҳои ҷавони соҳибистеъдод сурат мегирад: «Ҳар як миллат бо ягон чизи асилаш ифтихор дорад. Масалан, Инглистон бо балеташ, Италиё бо операаш ва миллати тоҷик бо шашмақомаш. Вақте ки миллатҳои дигар ин ҳунарҳоро қабул мекунанд, ин бузургии миллатеро нишон мелиҳад, ки чунин ҳунарро офаридааст. Масалан, бародарони яҳудӣ ва узбек шашмақоми тоҷикиро месароянд, ин хушбахтии мост. Имонам комил аст - мо ба тамоми дунё нишон медиҳем, ки Шашмақом молии миллии тоҷик аст ва онро пос медорем.»

Ҷӯрабеки Мурод афзуд, шашмақомхонҳои ҷавоне, ки аз ҷониби ҳакамон ғолиби озмун эълон мешаванд, ба дастаи ҳунарии шашмақомхонии «Нури Хуҷанд» мегарданд.

Дар Тоҷикистон иқдомҳои бештар дар роҳи эҳё ва рушди ҳунари шашмақомхонӣ аз панҷ сол қабл шурӯъ шудааст. Дар соли 2001 бо қарори президенти Тоҷикистон рӯзи 12 май «Рӯзи шашмақомхонон» эълон гардид. Ва ба думболи он бо дастгирии ҳукумати Суғд дар Хуҷанд гурӯҳи шашмақомхонии «Нури Хуҷанд» ба фаъолият оғоз кард. Боймуҳаммад Ниёзӣ - устоди шашмақомшиноси тоҷик мегӯяд, асолати хос ин ҳунари мусиқӣ ва овозхонӣ аст, ки онро тайи қарнҳо дар ҷойгоҳи баланди ҳунарӣ то ба рӯзҳои мо нигоҳ доштааст: «Дар ҳақиқат, тӯли ҳазорсолаҳо ҳунари мусиқии аз шашмақом пурқувваттар набаромад. Барои ҳамин то ба имрӯз зинда аст ва оянда ҳам бобақо ва поянда хоҳад монд.»

Яке аз ширкатгарони озмун, овозхони ҷавон - Некқадам меафзояд, мусиқии шашмақом барои он писанди дили ӯст, ки ба ҳар тори қалби инсон захма мезанад: «Дар дохили шашмақом тамоми эҳсоси инсониро метавон пайдо кард, ҳам ғам ва ҳам шодиро. Яъне, рӯҳияи инсонро бозгӯ мекунад. Аз ҳар оҳангаш як баҳраи нав мебардоред.»

Барно Шарифова - яке дигар аз иштирокдорони озмун аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: «Намедонам барои чӣ, аммо ман аз хурдӣ шашмақомро дӯст медорам ва мехонам. Шашмақомхонӣ бароям аз ҳама ҷиҳат писанд аст.»
XS
SM
MD
LG