Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки Олмон барои таҷдиди нерӯгоҳи Норак


Рӯзи панҷшанбеи 12 май миёни Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши моливу фаннӣ ба имзо расид, ки тибқи он ҷониби Олмон ба Тоҷикистон ҳудуди 27 милллион евро ё 33 миллион доллар ироа хоҳад кард. Хубертус Клинк, муовини сафири Олмон дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қисмати аъзами ин маблағ, ҷиҳати азнавсозии дастгоҳ ва шабакаҳои баландшиддати тақсимоти барқ дар нирӯгоҳи барқи обии Норак харҷ карда мешавад: "Мо бар асоси созишнома ва дар заминаи ҳамкориҳои молӣ маблағи бист миллион евро ба таҷдид ва навсозии дастгоҳу таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии Норак ихтисос медиҳем, ки аз он сенздаҳ миллион ба тариқи қарз бо шароити то муддати даҳ сол бефоизи даромад ва 7 миллион евро бурс мебошад. Дар доираи ҳамкориҳои молӣ ҳудуди 3 миллион евро ҷиҳати мубориза бо маризии сил дар Тоҷикистон ихтисос додем. Ҳамчунин ҷиҳати кӯмак ба рушди соҳибкории хурду миёна 2 миллион ва барномаи феълан амалкунандаи «Маълумоти ибтидоӣ»-и соҳаи маориф ду миллион еврои дигар сармоягузорӣ хоҳем кард."
Оқои Клинк афзуд, шурӯъ аз соли 1993 ин севвумин созишномаи ҳамкории Олмон бо Тоҷикистон аст ва бо иллати он ки дар ин кишвар вазъи сиёсӣ ноором буд, ин созишномаҳо аслан пас аз соли 2002 ба тасвиб расидаанд. Ба гуфтаи ӯ, Олмон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 100 миллион евро сармоягузорӣ ва кӯмак кардааст, ки ҳудуди 40 миллион евро аз ин маблағ мустақим ва 60 миллион евро тавассути созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ироа шудааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG