Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон яке аз манбаъҳои қочоқи инсон?


Ибораи "қочоқи инсон" дар гузашта барои манрдуи Тоҷикистон як ҳарфи нофаҳмо ва бегона буд.

Тоҷикистон яке аз манбаъҳои қочоқи инсон барои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Халиҷи Форс ва Русия маҳсуб меёбад, омадааст дар китобе бо номи «Кӯдакони Осиёи Марказӣ, ки хатари қурбонии траффик шуданро доранд». Ин китоб, ки бар асоси як таҳқиқоти "Наҷоти Кӯдакон" - и Бритониё дар се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон таълиф шудааст.

Маргарет Фостер, муаллифи таҳқиқоти созмони мазкур мегӯяд, истифода аз нирӯи кӯдакон як падидаи саросарист ва ҳатто худи ҳукуматҳо кӯдаконро барои кор маҷбур мекунанд. Барои мисол, мегӯяд хонум Фостер, хонандагони мактабҳои миёна аз синни 6-солагӣ ва то хатмкунандахои макотиби олӣ барои кор дар пахтазорҳо ҷалб мешаванд. Кори онҳо дар як шабонарӯз то 12 соатро ташкил намуда, чанд моҳ идома меёбад, ки ин низ яке аз намудҳои траффик аст, гуфт Маргарет Фостер ва афзуд:

«Таҳқиқоти мо собит сохт, ки назар ба ду кишвари дигар дар Тоҷикистон аҳолӣ ва ба хусус ноболиғон дар бораи масъалаи траффик иттилоъи камтар доранд. Чунки дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон аз тариқи телевизион филмҳои мухталиф роҷеъ ба масъалаи траффик намоиш дода мешаванд ва мардум доир ба ин масъала тасаввуроти беҳтаре дорад. Ман фикр мекунам, хуб мешуд, агар дар Тоҷикистон низ муассисаҳои таълимӣ ва матбуоти маҳаллӣ ба масъалаи траффик диққати ҷиддӣ медоданд.»

Дар таҳқиқот омадааст, ки кӯдакони хиёбонӣ ва ҷавонони манотиқи дурдасти кишвар ба маҳзи бехабарӣ бо эҳтимоли бештари қурбони траффик шудан рӯбарӯ ҳастанд. Мақомот дар чунин ҳол худи қурбониёнро гунаҳкор медонанд, ки ба гуфтаи онҳо, дар пайи ба даст овардани пули муфт ба ин роҳ мераванд. Вале Маргарет Фостер гуфт, ин ақида чандон дуруст нест, чунки аксари ноболиғоне, ки аз ҷониби миёнаравон ба хориҷи кишвар мунтақил шуда, сипас онҳоро ба гадоиву ғоратгарӣ, танфурӯшиву кори вазнин маҷбур мекунанд, ғолибан бо фиреб ба ин роҳ бурда мешаванд.

Раҷабмурод Олимов, муовини мудири шӯъбаи дифоъ ва тартиботу ҳуқуқи дастгоҳи иҷрояи призиденти Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар соли 2004 - ум 14 мавриди харидуфурӯши ғайриқонунии ноболиғон сабт шуда ва дар пайи таҳқиқот ба додгоҳ пешниҳод шуда буд:

«Онҳо ҳамчун воститаи фисқу фуҷур ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва ё ба кишварҳои СНГ бурда мешаванд. Бурдани онҳо ғтавассути шиносномаҳои қалбакӣ сурат мегирад ва ё ба сифати сайёҳ мераванду баъдан дар он ҷо мавриди харидуфурӯш қарор мегиранд.»

Дар ҳамин ҳол, Нигина Муҳаммадҷонова, корманди Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Душанбе гуфт, кӯдакон наметавонанд, ба вазъ ба таври воқеӣ баҳо диҳанд ва ба ҳамин маҳз онҳо бештар мавриди одамрабоӣ ва ё худ траффик мегарданд. Аммо аз сӯи дигар, ба ақидаи хонум Муҳаммадҷонова, дар ин раванд гуноҳи волидайн низ вуҷуд дорад, чунки дар баъзе маворид худи волидайн ба ваъдаҳои бардурӯғи миёнравон дода мешванду фарзанди худро ба хориҷи кишвар мефиристанд.

Нигина Маҳмадҷонова афзуд: «Масалан, агар шумо аз роҳҳои марказии Душанбе гузар кунед, духтарони 12 ё 13-солаеро мебинед, ки майдафурӯшӣ мекунанд. Ман худам бо онҳо чандин маротиба вохӯрдам ва сӯҳбат кардам. Шумо худатон қазоват кунед, ки чӣ гуна волидайни онҳо нотарсона духтарони худро иҷоза медиҳанд, ки дар роҳ майдафурӯшӣ кунанд? Ва куҷост кафолат, ки ин духтарон қурбони траффик намегарданд? Ин хеле хатарнок аст!»
XS
SM
MD
LG