Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик ба забони чиноӣ


Сӯҳроб Ҳайдаралиев сарфи назар аз синну соли ҷавони худ аз нахустин чиноидонҳои тоҷик маҳсуб мегардад. Сӯҳроб Ҳайдаралиев феълан дар донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ҳамин забони чиноиро дарс медиҳад.

Чанд сол қабл тоҷики чиноидону чиноиомӯз шояд дар назари мардум нафаре ба шумор мерафт, ки вақташро беҳуда сарф кардааст. Вале имрӯз гардиши айём забони чиноиро аз забонҳои ҷолибтарин дар Тоҷикистон гардонидааст. Зебо Валихоҷаева, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянӣ мегӯяд, вақте соли 1997 дар ин донишгоҳ шӯъбаи забони чиноӣ боз шуд, ташкили ҳатто як гурӯҳи комил кори душвор буд, вале акнун дохил шудан ба ин шӯъба кори осон нест ва акнун дар долонҳои донишгоҳҳо танҳо Ni hao ба гӯш мерасад:
«Дар ҳамин чанд сол ҳудуди бист донишҷӯ дар Чин таҳсил карда омад.»

Имкони воқеъии идомаи таҳсил дар Чин танҳо яке аз сабабҳои афзоиши хоҳишмандони омӯзиши забони чиноӣ будааст. Дар Тоҷикистон имрӯз забони чиноиро дар Донишгоҳи славянӣ ва Донишкадаи забонҳо таълим медиҳанд. Имсол нахустин гурӯҳи понздаҳнафара шӯъбаи чиноии Донишкадаи забонҳоро хатм мекунад. Ширин Раҳматова, сарвари бахши равобити байналмилалии донишкадаи забонҳо мегӯяд, забони чиноӣ дар ин донишкада аз рақибони соҳибнирӯи забонҳои аврупоӣ гаштааст. Хонум Раҳматова мегӯяд, афзоиши сареъи иқтисоди Чин ва нақшаш дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамсоягии ин кишвари азим бо Тоҷикистону густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ байни ин ду кишвар ҷавононро ба сӯи омӯзиши ин забон мекашад.

Ҳасан Юлдошев, донишҷӯи соли дуввуми Донишкадаи забонҳоро низ ҳамин андешаҳо ба шӯъбаи чиноӣ овардааст. Ҳамсабақи Ҳасан, Фирӯза Тӯраева барои интихоби худ далел меорад, ки кор ёфтан барояш нисбат ба мутахассисони дигар осонтар хоҳад буд, зеро рақобат дар бозори чиноидонҳо ҳанӯз зиёд нест. Фирӯза мегӯяд, алакай ӯро ба чандин ҷо барои кор ба ҳайси мутарҷим даъват доранд. Ҳофиз Солеҳов, донишҷӯи соли дуввуми шӯъбаи чиноии донишгоҳи славянӣ аллакай дар ширкати чиноии "Натурэл" ҳамчун мутарҷим кор мекунад.

Синфхонаҳои бахшҳои чиноӣ бо фанновариҳои муосир муҷаҳҳаз аст. Сӯҳроб Ҳайдаралиев, устоди забони чиноӣ дар Донишкадаи забонҳо ҳоло ҳамроҳ бо Цзю ном як профессори чиноӣ ба таҳияи як қомуси бузурги тоҷикӣ - чиноӣ машғул аст. Як луғати хурди гуфтугӯии русӣ - чиноӣ - тоҷикӣ аллакай дар дасти чоп аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG