Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаронро акнун ба мактаб бо ёрии додситон бармегардонанд


Вазорати маорифи Тоҷикистон барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони аз мактаб дурмонда тадбирҳои навро ба кор андохтааст. Ҳамакнун маъмурони ин вазорат дар ҳамкорӣ бо додситониҳои навоҳии пойтахт чунин духтаронро дубора ба мактаб бармегардонанд.

Латофат Насриддинова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дарназардошти он ки таҳсили 11-сола дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳатмист, чунин як тадбир дар роҳи ба мактаб баргардондани духтарон метавонад нақши муассире дошта бошад. Хонум Насриддинова афзуд, солҳои охир асосан бо айби падару модарон духтарони зиёде таҳсилро аз синфҳои болоии мактабҳои миёна қатъ мекунанд. Ин духтаронро, мегӯяд вай, падару модар ба хотири анҷоми корҳои хона ва ё издивоҷи барвақт аз мактаб мегиранд. Латофат Насриддинова мегӯяд: "Албатта, ин кори чандон осон нест, аммо бо кӯмаки додситонӣ ва дигар идораҳои масъул ва кумитаи падару модарон дар назди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, то андозае ин мушкил ҳалли худро пайдо кардааст ва аксар духтароне, ки бо айби волидайн хонданро тарк карда буданд, ба мактаб баргаштанд."

Аммо Озода Нурова, як сокини пойтахт, ки ахиран бо мусоидати додситонӣ духтарашро иҷозати ба мактаб баргаштан додааст, гуфт, вазъи таълиму тарбия дар мактаб ӯро қонеъ намекунад. Ба ҳамин хотир, ӯ идомаи таҳсили духтарашро дар мактаби миёна зарур намеҳисобад. Ӯ мегӯяд: "Аз он ки аксари муаллимон дар мактаб намерасанд, духтари ман савод надорад ва ман хостам ӯро аз мактаб гирифта, дар бахши дӯзандагӣ хононам, аммо моро додситонӣ даъват кард ва ман маҷбур шудам духтарамро боз ба мактаб монам."

Лекин худи духтари Озода Нурова мегӯяд, новобаста аз онки дар мактаб муаллимони фанҳои мухталиф намерасанд, ӯ аз нигоҳубини кӯдак ва анҷоми корҳои хона дида, таҳсилро дар мактаб афзал мешуморад: "Ман мехосатм забони русӣ ва англисиро ёд гирам, лекин муаллими ин забонҳо дар мактабамон набуд. Ман мехоҳам хонам."

Латофат Насриддинова, муовини вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, воқеъан мушкилоти нарасидани муаллимон, бахусус муаллимони фанҳои дақиқ яке аз мушкилоти умдаи соҳаи маориф боқӣ монда, ки дар роҳи пешрафти маориф монеъаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Хонум Насриддинова мегӯяд: "Мувофиқи маълумотҳои ахир, дар ҳоли ҳозир 8 881 муаллим намерасад. Асосан муаллимони ҳисоб, кимиё, забонҳои хориҷӣ ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ. Ва агар мо мехоҳем аз лиҳози таълиму тарбия ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик шавем, бояд дар навбати аввал вазъи таълими ибтидоиро дар мактабҳо беҳбуд бахшем."

Аммо ба назари коршиносон, як омили аслии аз мактаб дур мондани духтарон камбизоатӣ ва нодории хонаводаҳо буда, ки ба ҳамин далел волидон бо имконоти каме, ки доранд, писаронро мехононанд, аммо таҳсилу касбомӯзиро барои духтарон зарур намеҳисобанд. Тибқи маълумоти идораи маорифи ноҳияи Синои пойтахт, тайи панҷ моҳи соли равон бо мусоидати додситонии ноҳияи мазкур 27 духта ба паси мизи мактаб баргаштааст.
XS
SM
MD
LG