Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри "Ҷаҳонгир" ва "Тонг" дар Хуҷанд аз сар гирифта шуд


Нашрияҳои мустақили «Ҷаҳонгир» ва «Тонг» чопи шумораҳои тозаи худро бо забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ баъди танаффуси дусола дар маркази устони Суғд, шаҳри Хуҷанд аз нав ба роҳ монданд. Фаъолияти ин нашрияҳои иттилоотӣ ва сиёсиву фарҳангӣ қаблан ба сабаби камбуди молӣ қатъ шуда буд.

Акмали Қадам - сардабири «Ҷаҳонгир» мегӯяд, ҳадафи аслии ин нашрия инъикоси мавзуъоти доғи рӯз аст, ки аз мадди назари матбуоти вилоят дур мондааст: «Тасмим гирифтаем дар заминаи озодандешӣ хабарҳо ва мушкилоти рӯз, ба мисли ҳуқуқи инсон, хосатан ҳуқуқи кӯдак ва проблемаҳои ҷавонон, ба хусус донишҷӯёнро дар саҳифаҳои нашрия таҷассум намоем.»

Акмали Қадам афзуд, ду сол қабл дар пайи қатъи фаъолияти нашрияи «Ҷаҳонгир» ҳайъати пешини хабарнигоронаш пароканда шуд ва акнун рӯзноманигорони нав сари кор омадаанд. Ба гуфтаи Акмали Қадам, онҳо ба Интернет ва хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон дастрасии комил ва саривақт надоранд, вале бо ин вуҷуд барои боло бурдани нуфузи нашрия аз маводи иттилоотии расонаҳои хориҷӣ, ба хусус Радиои Озодӣ истифода мекунанд: «Радиои Озодӣ имрӯз барои нашрияи мо як манбаъи асосии иттилоъ ба ҳисоб меравад. Масалан, дар шумораи нахустин тақрибан нисфи хабарҳои муҳими Суғд, Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз ҳамин манбаъ гирифта, дар саҳифаҳои нашрияамон ҷой додем».

Нашрияи «Ҷаҳонгир» пас аз ҳафтавори «Суғд» ҳамчун дуввумин нашрияи ғайриҳукуматӣ ба саҳнаи матбуоти Суғд ворид гардид. Муассисаш як ширкати тиҷоратии ҳамном бо ҳафтавор аст. Вале ҳафтаномаи «Тонг», яъне - «Субҳ», ки низ ахиран шумораи аввалини худро ба дасти чоп дод, барои сокинони узбактабори Суғд ягона нашрияи мустақил маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи ҳукуматии «Ленинобод ҳақиқати» ба забони узбакӣ ҳафтае се маротиба нашр мегардад. Мирзо Ҳаким - муассис ва сардабири «Тонг» мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси нашрияи нав пур намудани фазои холии иттилоъотӣ барои хонандаҳои узбактабор аст, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд: «Мо барои ҳафтаномаамон шиори «Нашрияи нави давраи нав» - ро интихоб намудем. Вазифаи аслии мо бозгӯ кардани дарду проблемаҳои мардум аст.»
Нашрияи «Тонг» пас аз муфлис шуданаш танҳо бо дастгирии молии созмони амрикоии мавсум ба Бунёди Миллии Рушди Демократия (NED) чопи муназзами шумораҳои тозаи худро аз сар гирифтааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG