Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати давлатӣ аз деҳоти офатрасида дидан мекунад


Ахиран ҷаласаи кумисиюни ҳолатҳои фавқуллодаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазир Оқил Оқилов масъалаи хисороти ворида ба иқтисоди кишвар дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои охиррро баррасӣ кардааст. Бино ба оморе, ки дар ин ҷаласа эълон шуд, боришоти шадид аз 7 то 9 май садҳо манзилу боғро танҳо дар як ноҳияи Рӯдакӣ асобат намуда, ба ҳамин далели боришот ва кӯчидани хок ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан дар масири Қурғонтеппа- Кӯлоб ҳам муваққатан қатъ шудааст.

Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо саҳифаи интернетии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, имрӯзу пагоҳ кумисюни давлатӣ таҳти раҳбарии муовини сарвазир Асадуллоҳ Ғуломов бори дигар аз манотиқи офатзада дидан хоҳад кард ва маблағи хисороти ворида дар натиҷаи ин офат ҳам то 1-2 рӯзи дигар маълум карда хоҳад шуд. Мирзо Зиёев гуфт, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 400 манзил ва чанд пул хисорот дида, боғу зироати мардум хароб шудааст. Дар мавриди қатъ шудани ҳаракати қаторҳо дар масири роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб оқои Зиёев гуфт, 20 метр тӯли ин масир фурӯ рафтааст, вале ба зудӣ ҳаракати қатор дар ин роҳи оҳан аз сар гирифта хоҳад шуд.

Вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи кумиссиюни давлатӣ пиромуни муроҷиат барои кӯмак ба созмонҳои байналмилалӣ низ сӯҳбат шуд, вале ба ақидаи оқои Зиёев, Тоҷикистон тавони мустақилона рафъ намудани авоқиби офоте ба мисли боришоти шадиди чанд рӯзи охирро дорад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG