Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозоре дар миёни афсонаву фақр


бозори Томчии ноҳияи Данғара

Дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ ба маркази шуғли аҳолии Кӯлоб 320 нафар барои дарёфти ҷои кор муроҷиат кардааст. Аз ин теъдод танҳо 220 нафар бо ҷои кори мавсимӣ таъмин шудааст. Ин дар ҳолест, ки маркази шуғли аҳолӣ барои 7 500 ҷои кори холии мавсимӣ озмун эълон карда буд. Ва аммо дар ҳоле, ки аҳолӣ намехоҳад дар ҷойҳои расмии кори мавсимӣ кор кунад, бозорҳои мавсимӣ, ки ҳар сол дар навоҳии мухталифи минтақаи Кӯлоб зуҳур мекунанд, садҳо нафарро бо кор ва маоши хуб таъмин кардаанд.

Дар сар то сари манотиқи наздиктар ба шоҳроҳи Душанбе Кӯлоб бозорҳои худрӯйи мавсимии бешумор қад кашидаанд, ки дар онҳо метавон тамомии анвоъи гулу гиёҳи шифобахши баҳориро харидорӣ кард. Алӣ Тағоймуродов, як тан аз тоҷирони бозори мавсимии Томчӣ, воқеъ дар марзи навоҳии Данғараву Вахш мегӯяд, дар ин бозор тақрибан ҳама гулу гиёҳ мефурӯшанд: «Карабчак, барги рошак, шибит, рошаки нар, гӯши бузак, ҷоҷӣ, сияҳалаф, чоқла, чукрӣ, торон, пустипалоқ ва дигару дигар гиёҳҳоро мефурӯшем. Як бандчаи калонаш - 1 сомонӣ.»

Ва аммо чаро мардум ба марказҳои шуғли аҳолӣ барои дарёфти ҷои кори мавсимӣ муроҷеъ намешаванд? Алӣ мегӯяд, дар ин бозор тӯли як рӯз маоши моҳонаи корҳои мавсимии расмиро метавон пайдо кард: «Мо дар як рӯз 10-15 сомонӣ ва ё каме бештар ё камтар аз ин маблағ савдо мекунем.»

Барои ин манотиқ 15-20 сомонӣ даромади рӯзона маоши баланд аст. Ва аммо мусоҳиби дигари ман Карим Курбонов мегӯяд, дар ин бозорҳо камбизоаттарин қишрҳои ҷамъият гирд омадаанд, зеро онҳое, ки пули кофӣ доранд, ба Русия ба муздурӣ рафтаанд. Карим низ дар ин бозори Томчӣ маблағи сафар меғундорад, то баъдан ба Русия равад: «Кор нест! Ҳамин бозор ҳаст, меоему як-ду сӯм мефурӯшем. Пулдорҳо Россия рафтаанд. Ман ҳам пул ёбам, ба Россия меравам. Ин ҷо чӣ кор мекунам?»

Дуртар аз бозор, зери назари сагҳои бадҳайбати чӯпонӣ гову мол мечаранд ва мусофирони серпул метавонанд аз ин бозори зинда низ чизе харидорӣ кунанд.

Ва аммо зеби ин бозорҳо ошхонаҳои мавсимианд, ки дар онҳо акнун ба пайравӣ аз тарабхонаҳои Душанбе пешхизматҳои қадрасу дилрабо ба шумо хизмат мерасонанд. Ин ошхонаҳо асосан ба таҳияи ғизои миллӣ ихтисос ёфтаанд. Тоҷуннисо Ҷӯраева, ки бино бар шаҳодати бозорнишинони бозори Томчӣ "таббохи рақами яки мавзеъ" аст, анвоъи хӯришҳои ошхонаи худро муаррифӣ мекунад: «7 намуди атола дорам, оши бурида дорам, оши тӯпа, фатирмаска, қурутоб, оши палав.» Бо хоҳиши Тоҷуннисо ман аз атолаи ӯ чашидам ва бовар кунед, ки ингуна атоларо дар шаҳр нахоҳӣ ёфт.

Ҳамин гуна ошхонаву тарабхонаҳои мавсимӣ тӯли садҳо километр шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб саф задаанд, ки мусофиринро бо замбурӯғбирёну атолаву оши бурида пешвоз мегиранд ва агар бигирем, ки сари дастурхони шуморо гулу гиёҳи баҳорӣ оро додаву булбулу қумриву кабкҳо аз дараҳо барои шумо нағмасароӣ мекунанд, метавон худро дар як олами воқеан афсонаи биҳиштосо тасаввур кард. Ва ин афсона, ки барои камбизоаттарин қишри аҳолии деҳоти кӯҳистони минтақаи Кӯлоб ягога сарчашмаи даромад будааст, бо фарорасии фасли тобистон анҷом меёбад ва ин тоифа то баҳори дигар дар хонаҳои пасти гилини худ боз бекор вомемонанд.
XS
SM
MD
LG