Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми имсолаи футбол насиби кӣ хоҳад шуд?


Мусобиқаи дастаҳои футболи Тоҷикистон барои дарёфти ҷоми имсолаи футбол оғоз шуд. Дар нахустин даври мусобиқа «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо натиҷаи 5 бар 0 ва «Равшан»-и Кӯлоб бар «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Дидори «Фархор»-и Фархор бо дастаи меҳмонон - «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид. Бозиҳои ҷавобии марҳилаи аввали ҷоми футболи Тоҷикистон-2005 рӯзи шанбеи 14-уми май баргузор мешавад.

Бино ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон ба далели ба бозӣ ҳозир нашудани дастаи меҳмонон - «Ҳулбук»-и Восеъ рақибаш - тими «Парвоз» аз шаҳри Бобоҷон Ғафуров, барандаи ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2004 ба марҳилаи дуввуми мусобиқа роҳ ёфт. Ҳамчунин боз се даста - «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ЦСКА-и Душанбе ва СКА «Помир»-и Душанбе, ки рақибонашон аз сабқат даст кашидаанд, бидуни бозӣ барои ширкат дар чаҳорякфинал роҳ ёфтанд.

Шавкат Аҳмадов афзуд, бозии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Данғара»-и Данғара ба далели ширкати қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар нахустин мусобиқа барои дарёфти ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё мавқуф гузошта шуд. Воқеан рӯзи панҷшанбе, 12-уми май тими «Регар-ТадАЗ» дар бозии ниманиҳоии ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Непал -шаҳри Катманду бо тими «Блу Стар Спортс», қаҳрамони футболи Шри-Ланка рақобат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, «Ҳафтаи футболи Аврупо», ки бар асоси барномаи Special Olympics ва ё Олимпиадаи махсуси варзишгарони маълул дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор шуд, ба анҷом расид. Дилбар Шарипова, раҳбари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот ҳудуди 800 варзишгари навраси маълули тоҷик ширкат карданд. Сабқати ниҳоии футболбозони навраси маълул, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, бо пирӯзии дастаҳои литсей-интернати шаҳри Душанбе ва мактаб-интернати ноҳияи Вахш анҷом ёфтааст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG