Пайвандҳои дастрасӣ

Занги ногаҳонии телефонӣ ба навҷавони тоҷик Умед Мавлонов. Оё симои худро зеботар кардан гуноҳ аст? Хамираи дандоншӯӣ аз шаҳтути тоҷикӣ: Воқеъият ва ё хаёл? Ҷустуҷӯи молҳои "Made in Tajikistan" дар кишварҳои хориҷӣ.

Таваҷҷӯҳи хоси Тоҷикистон ба содироти пахта аз даврони шӯравӣ ба мерос мондааст. Ҳамаи нирӯ, обу замин ва ҳаёти инсонҳро сарфи азобу машаққати пахта мешуд ва кишвар пахтаро бо нархи арзон ба хориҷа бароварда, бо нархи даҳ баробар зиёдтар ҳамон пахтаи худро дертар дар шакли моли тайёр мехарид. Ҳамин ҳолат то ҳанӯз боқӣ мондааст.

Барои бартараф кардани он лозим аст, ки иқтисодиёти кишвар на танфо ба пахта, балки ба соҳаҳои мухталиф машғул шавад. Беҳтар аст, на пахта, балки моли тайёри текстил тавлид карда, ба фурӯш барорад, аммо ин бозор рақобатҳои сахт дорад.

Масалан, Чин ва дигар кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба содироти молҳои текстил машғуланд. Пас лозим аст, ки Тоҷикистон ба содироти молҳои дигар аҳамият диҳад, ба монанди сангҳои қиматбаҳо, обҳои минералӣ ва фурӯши нирӯи барқ ба хориҷа. Дар ин риштаҳо Тоҷикистон метавонад комёб шавад.

Наврӯзи Некбахтшо: Ба баъзе аз давлатҳои ҷаҳон сафар кардаам, мисли Туркия, Арабистони Саъудӣ, Эрон, Кипр, вале дар ҳеҷ куҷо молеро надидам, ки дар рӯяш истеҳсоли Тоҷикистон навишта шуда бошад. Ва ман намегӯям, ки тамоман нест. Мумкин ки бошад, лекин шояд аз сабаби бисёр кам буданаш ман ин гуна молҳоро надидам.

Донишҷӯи тоҷик дар Арабистони Саудӣ: Тоҷикистон аз тарафи иқтисодӣ бисёр пеш рафта истодааст. Дар Тоҷикистон молҳои гуногунро истеҳсол мекунанд аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок, мева ва хӯрокворӣ, себ, зардолу, ангур, анор ва дигарҳо.
Ҳозир Тоҷикистон акнун қомат рост карда истодааст. Мисол, дар шаҳри Исфара хелҳои гуногуни мева ҳаст ва одамон аз инҳо истифода бурда, зиндагиашонро гузаронда истодаанд. Дар пойтахт завод ва фабрикаҳои хориҷӣ кушода шуда истодааст. Ана ҳаминҳо ба одам умед мебахшад.

Фаридун Маҳкамов: Тоҷикистон воқеан ҳам кишвари аграрӣ ҳаст ва шанси дар бозори ҷаҳонӣ баровардани молҳои худро дорад. Вале то ҷое ки иттилоъи комил дорам, танҳо 50 фисади пахтаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш меравад, ки он ҳам бо нархи хеле арзон. Дар ин раванд бояд якчанд корро амалӣ сохт. Аз қабили истихроҷи нафту газ ва ангишти Тоҷикистон метавонад, мамлакатро аз вартаи шадиди иқтисодӣ бурун кунад. Ба назари ман то ҳол дар бозори ҷаҳонӣ ягон моли Тоҷикистон ба фурӯш намеравад. Барои он ки сифати молҳо ба меъёри байналхалқӣ ҷавоб дода наметавонад.

Алишер Охунов: Мебахшеду ин саволро бояд ба вазири иқтисодиёт диҳед. Инҳо вазир шуда чӣ кардаанд. Агар дар ихтиёри ман мебуд, ман ин вазорат ва ин соҳаро ба дасти 5-6 ҷавони серғайрат медодам ва медидед, ки онҳо чӣ корҳо мекарданд, чунон ки дар Русия карданд. Дар Тоҷикистон ҳар касеро ки аз ӯҳдаи ягон кори дигар набаромад, вазири иқтисодиёт таъин мекунанд.

Расул: Ин саволи шумо ба вазъи ватанамон рост намеояд, зеро маълум ки он дар ҳоли фақр аст ва чизе тавлид намекунад. Агар даромаде ки аз саводи маводи хом ба хориҷа ба даст меояд, барои корхонаву тавлидоти нав дар кишвар сарф мешуд, шояд пешрафте ба даст меомад. Вале ҳоло, мутаассифона, онҳое ки сари ин риштаҳоро дар даст доранд, асосан дар ғами шиками худанд ва имонашон қавӣ нест.

Абдулҳодӣ Ҷалилов: Шахсан ман дар ягон кишвар молеро надидаам, ки дар рӯяш "Made in Tajikistan" навишта шуда бошад. Ба ҷуз аробакашҳои Тоҷикистон. Ва муаллимону донишҷӯёне ки диплом гирифта, аробакашӣ мекунанд. Аммо агар ҷиддӣ нигоҳ кунем, Тоҷикистон имкониятҳои зиёде дорад, Масалан, фақат ҳамин меваро гирем. Чаро кишварҳои дигар метавонанд, садҳо намуд консерва ва ё хушкмеваҳо тавлид карда дар кишварҳои хориҷа ба савдо зананду мо наметавонем? Ин бозор ба монанди бозори маҳсулоти саноатӣ чандон баста ки нест.

Салим: Ассалому алейкум.
Тоҷикистон аз маҳсулоти коркарда ба бозори ҷаҳонӣ эҳтимол ба ҷуз андаке нирӯҳои минералӣ (ба Афғонистон) ва як миқдор моддаҳои таркандаи заводи Исфара (ба кишварҳои Осиёи Марказӣ) чизе содир намекунад. Вале содироти меваи хушк ва тар, ки аз замонҳои шӯравӣ мондааст, ҳамоно давом дорад ва ба ҳамон шаклҳои примитивӣ ва бо азобҳои зиёде барои деҳқон ё савдогари хурд. Аз баҳри худо, қазоват кунем, ки як килограм анор, мавизи нағз, қоқи зардолу, аштак, чормағз ва лимӯ, ки бароварданаш осонтар аст ва вайрон намешавад, ҳамеша аз як килограм алюминий дар бозорҳои дунё қиматтар буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ва агар мо тавонем, ки содироти меваи тарро, ки ба тамъ ҳамто надорад (дидааму чашидам) ба роҳ монем, кисаи тоҷик пур мешавад. Яъне ҷонон (як килограм гелоси ҳисориранги калон-калон), ки дар бозори 82 аз 3 то 5 сомонӣ мефурӯшанд, дар шаҳрҳои калони Хитой 5-8 доллар ва турш дар Дубай 10 доллар. Агар касе гӯяд, ки не, майдабозӣ чӣ даркор, биёед, "Боинг"-и худӣ ва ё "Тойота" ё компютер истеҳсол кунем, бовар накунед, дурӯғ мегӯяд. Истеҳсолотҳои нимҷону беҷонро ҳаргиз ба пулҳои калон раҳ намедиҳанд. Яхдонсоз ва ё мошинбарор шӯи холаи тоҷик намешавад, ки раҳм кунаду гӯяд, хайр, биё, яхдони Помир барорему вайа мо харем.
Муваффақ бошед.

Абдулло Юлдошев: Агар сарварони мо дар ғами курсӣ ва хешу таборбозӣ неву дар ғами кишвар мебуданд, дар ин 10-15 сол мо метавонистем, истеҳсоли бисёр молҳои гуногунро дар кишвар ба роҳ монем, ки ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ. Намунааш ин ки то чанд сол пеш дар рӯи дастархони раҳбарони мо Кока-кола ва обҳои маъдание гузошта мешуд, ки дар рӯяшон "Made in Uzbekistan" навишта шуда буд. Онҳо фаромӯш карда буданд, ки оби Шоҳамбарӣ дар Тоҷикистон тавлид мешавад. Шукри худованд, ҳоло даҳҳо намуди обу обмева дар кишвар бо тамғаи Тоҷикистон истеҳсол мешавад. Вале мо, тоҷикон, як хислати бад дорем. Аз ин муваффақият каме нагузашта, ташкилкунандагони ширкатҳои обро, ба монанди "Оби зулол" таъқиб карданро сар кардем ва намегузорем, онҳо ба тавлиди маҳсулоти наву бештар даст зананд.

Мӯҳсин Сафаров: Тоҷикистон барои хориҷа метавонад, танҳо ғулом истеҳсол кунад. Дар кишвари азизи мо барои истеҳсоли чизе ниёз нест, ба ғайр аз беди беҳосил. Химчаҳои ин бед барои бо шиками гурусна ва пойҳои луч кор фармудани ғуломон олати асосӣ аст.

Аслам Сангинов: Тоҷикистон метавонад дар истеҳсоли дорувор, атр ва собуну шампунҳои хушбӯ бозори ҳамаи кишварҳои атрофаш ва дуртарро ба даст гирад. Барои он ман бар чунин фикрам, ки ҳамчун кишвари кӯҳистон мо соҳиби беҳтарин гиёҳҳои шифобахш ҳастем. Падарам мегуфтанд, аз кӯҳ ҳатто гиёҳеро меоварданд, ки монанди собун кафк мекард ва хушбӯй буд ва занҳо бо он либос мешустанд.

Зулайхои Ҳомид: Дар кишвари мо то замоне ки илм ва иқтисодиёт ба ҳам пайванд дода нашаванд, тавлиди моле ки бозоргир бошад, душвор ва ғайриимкон хоҳад буд. Илм бояд ихтироъҳои нави худро битавонад, дар истеҳсолот ҷорӣ намояд. Он вақт пешравӣ мешавад. Вале чӣ кор карда мешавад, вақте олими тоҷик нони хӯрданӣ надорад ва маҷбур мешавад, ба кишварҳои дигар рафта, ақлу дониши худро барои пешрафти дигарон сарф кунад. На танҳо иқтисодиёт, балки сиёсат ҳам ба илм эҳтиёҷ дорад, вале худи раҳбари кишвари мо аз илму олимон дар гурез аст ва доди онҳоро шунидан намехоҳад. Хуб, вақте ки мо ҳеҷ кор намекунем ва кардан намехоҳем, маҷбурем барои дигарон кор кунем ва бо пули ночизе ки онҳо медиҳанд, моли онҳоро ҳам харидорӣ намоем. Як роҳи наҷот аст, ки он ҳам бошад, илм, илм ва боз ҳам илм.

Довуди Султон: Салому дуруди гарму ҷӯшон ба дӯстониу бародарони дурахшони ҳамдаму ҳамнафас! Пурсиши шумо бисёр пурарзиш аст. Оё мо тоҷикону Тоҷикистон ягон чиз барои бозори ҷаҳонӣ дорем, ки онро бо ифтихор ба ҷаҳониён нишон диҳем? Ҳо, дорем ва бисёр чиз ҳам дорем! Магар ин ки мо тавонем онҳоро ба меъёрҳои рақобати ҷаҳонӣ расонем. Тоҷикистон дар давраи шӯравӣ ба макони ашёи хом табдил ёфта буд, ба фарқ аз Ӯзбакистон ё Украина, ки саноати вазнинро хостанд ва гирифтанд. Аммо ҳоло мо имкон дорем, саноати сабукро рушд диҳем. Ҳамзамон бояд ба тавлиди техника машғул шуд. Телевизионҳои "Душанбе", яхдони "Сомонӣ" ва "Помир" метавонанд, аломати "Made in Tajikistan"
дошта бошанд. Пештар як хабари хуш шунида будам, ки Тоҷикистон якҷоя бо Эрон мехоҳанд трактор истеҳсол кунанд. Баъдаш чӣ шуд? Агар ин кор шавад, олӣ хоҳад буд. Ҳамчунин қолинҳои Қайроққум, зарфҳои чинии заводи чинивории Турсунзода, либосҳои фабрикаи трикотажи Истаравшан, майи Ғончӣ, ороишоти заводи заргарии Душанбе--ҳамаи ин метавонанд нишони "Made in Tajikistan" дошта бошанд. Ҳамаи мо бояд кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизи мо бештару бештар ингуна чизҳоро бисозад ва дигарон нагӯянд, ки тоҷикон ҳама чизро аз хориҷа мехаранд.
XS
SM
MD
LG