Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 52 шаҳрванди тоҷик аз Ӯзбакистон


Ба гуфтаи як мақоми нирӯҳои марзбонии Ӯзбакистон, 52 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи ин манбаъ, марзи Узбакистонро ғайриқонунӣ убур карда буданд, дубора ба Тоҷикистон пас фиристода шуданд. Ин манбаъ мегӯяд, афроди ихроҷшуда, ки аз сокинони манотиқи шимоли Тоҷикистон буда, азми сафари Русияро доштаанд,бидуни раводиди убур вориди қаламрави Ӯзбакистон шудаанд. Аммо маълум нест, ки боздошти ин гурӯҳи шаҳрвандони тоҷик дар кадом минтақаи марз ва ё дохили Ӯзбакистон сурат гирифтааст.

Қодирҷон Зокиров, сардори шӯъбаи раводиди вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон бо таъйиди ин хабар нақзи шароити убуру мурур аз қаламрави ин кишварро далели аслии ихроҷи 52 шаҳрванди тоҷик аз Ӯзбакистон номид. Оқои Зокиров гуфт, афроди боздоштшуда бори аввал набуд, ки бо ҷурми убури ғайриқонунии марзҳои Ӯзбакистон дастгир мешаванд, вале бо ин вуҷуд ҷониби Ӯзбакистон аз иттихози муҷозоти шадидтар дар қиболи онҳо худдорӣ кардааст.

Бино ба хабари дигар, дар асари як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди Ӯзбакистон дасти кам 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва дуи дигар захмӣ шудаанд. Ин 5 нафар мусофирони мошине будаанд, ки бо гумони убури ғайриқонунии марз таҳти таъқиби мақомоти Ӯзбакистон қарор мегирад.Ронандаи мошин зимни фирор аз таъқиби мақомот ба садама дучор шудааст. дар ин сониҳа ду навраси раҳгузар ҳам сахт ҷароҳат бардоштаанд. Амо сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар ҳоли ҳозир дар бораи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунад.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG