Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони боз 7 сокини вилояти Суғд бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир


Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 10 май 7 сокини маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла ду донишҷӯи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - Мирзомурод Ҳомидов ва Азим Азимовро бо ҷурми фаъолият дар ҳаракати тундгарои Ҳизб-ут-Таҳрир ба мӯҳлати аз се то нӯҳ сол ба зиндони тартиботаш сахт маҳкум кард.

Ин нафарон, ки аз 18 то 30 сол доранд, аз ҷониби додгоҳ дар барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ва даъвати оммавӣ барои барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистон тибқи асноди ҷиноии ин кишвар гунаҳкор дониста шуданд. Содиқ Қурбонов - додраси додгоҳи Суғд ва раиси мурофиаи парвандаи ҷиноии мазкур изҳор дошт, ки боздошти ин гурӯҳи ҳафтнафара аз ҷониби мақомоти интизомиву амниятии устон дар ибтидои моҳи декабри соли 2004 сурат гирифта буд.

Ба гуфтаи вай, нахуст ду донишҷӯи бахши шарқшиносии Донишгоҳи Хуҷанд - Мирзомурод Ҳомидов ва Азим Азимов ҳангоми паҳн намудани варақаҳои Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт мешаванд, аммо додгоҳ бо дарназардошти он ки онҳо ҳанӯз узвияти Ҳизб-ут-Таҳрирро напазируфта ва аз ин ҳаракат даст кашидаанд, ба онҳо ҷазои нисбатан сабук - 3 соли ҳабс эълон кард. Султон Ҳакимов - сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷониби додгоҳ сарвари гурӯҳи маҳкумшуда шинохта шудааст, ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз байни ҳафт нафар танҳо як худи вай ошкоро узви Ҳизби Таҳрир будани худро эътироф намуда, нафарони боқӣ ҷурмҳои нисбат ба онҳо эълоншударо қисман тан гирифтанд.

Тайи 5 моҳи соли равон барои сеюмин маротиба аст, ки додгоҳи Суғд парвандаҳои аъзои Ҳизби Таҳрирро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Чанде қабл як корманди собиқи кумитаи амнияти Суғд бо ҳамин ҷурм ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Ҳамчунин мурофиаи дигари додгоҳӣ ҳукми 5 нафари дигари муҷримро бозбинӣ карда ва онҳоро ба мӯҳлатҳои бештар маҳкум кард.

Абдуғаффор Қаландаров - додситони вилояти Суғд ахиран дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки дар солҳои ахир ба думболи ошкор ва маҳкум шудани аъзои зиёди Ҳизб-ут-Таҳрир аз ҷониби мақомоти интизомиву амниятӣ аъзои ин ҳаракат фаъолияти худро дар вилояти Суғд торафт махфитар ва пинҳонтар роҳандозӣ мекунанд. Оқои Қаландаров аз ҷумла гуфт: «Фаъолияти ин ҳаракат дар ҳақиқат ба давлати Тоҷикистон хатар дорад. Аммо ҷиноятҳои вазнини дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки хатари онҳо аз Ҳизб-ут-Таҳрир бештар аст, ба мисли ҷиноёти иқтисодӣ, ки ба хоҷагии кишвар миллионҳо доллар зарар меоваранд. Аз ин рӯ, мо супориш додем, ки ба тафтиши қазияи Ҳизб-ут-Таҳрир додситониҳои шаҳру ноҳияҳо ва ба ҷиноятҳои махсусан муҳим додситонии вилоят сарукор бигиранд.»

Ин дар ҳолест, ки додситонии Суғд феълан тафтиши парвандаи боз гурӯҳи дигареро, ки бо иттиҳоми мансубият ба Ҳизб-ут-Таҳрир авоили соли равон боздошт шуда буд, пеш мебарад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG