Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳвили назорати минтақаи марзии Маскав аз сар гирифта мешавад


Марҳалаи дуввуми таҳвили қитъаи марзии Маскав дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз марзбонони рус ба ҳамтоёни тоҷики онҳо, ки то чанд муддат мавқуф гузошта шуда буд, дубора оғоз мешавад. Тибқи иттиллоъи манобеъи марбут ба нирӯҳои марзбонии Русия, мустақар дар Тоҷикистон, қарор аст марҳалаи навбатии таҳвили марз ба сарҳадбонони тоҷик рӯзи 11 май шурӯъ шавад.

Масъулини Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир аз 232 километр имтидоди қитъаи марзии Маскав, ки гуфта мешавад аз минтақаҳои мураккаб ва душвори марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон аст, 136 километри он таҳти назорати марзбонони тоҷик гузаштааст. Нуралишо Назаров, фармондеҳи ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ба ҳангоми таҳвили қитъаоти марзӣ марзбонони рус, бар асоси созишномаҳои қаблӣ, бархе аз муҳиммот ва лавозимоти ҷангии худро ба ихтиёри ҳамтоёни тоҷики худ гузоштанд.

Таҳвили қитъаи марзии Маскав дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар нимаи дуввуми моҳи апрел оғоз шуда ва бо шурӯъи маросими таҷлил аз 60-умин солгарди хатми ҷанги Шӯравӣ бо Олмони нозӣ мавқуф гузошта шуда буд. Аз ин қитъаи марзӣ пештар чаҳор дидбонгоҳи марбут ба дастаи марзии Шӯробод ва ду воҳиди марзӣ бо номҳои Боғ ва Бухорак аз ҳайати дастаи марзии Маскав ба ихтиёри Кумитаи сарҳадоти Тоҷикистон вогузор шудааст.

Қаблан саросари манотиқи марзии воқеъ дар вилояти Бадахшон ва як қисме аз қитъаҳо дар самти ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлони дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ихтиёри сарҳадбонони рус ба Кумитаи марзбонии Тоҷикистон вогузор шуда ва дар ин замина асноди ҳуқуқӣ ба тасвиб расида буд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG