Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфт


Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ изҳор намуд, ки созмони ҳизбаш дар шаҳри Душанбе фаъолияташро дар аҳдномаи ризоияти миллӣ ва Шӯрои Ҷамъиятӣ мутаваққиф кардааст. Оқои Шабдолов афзуд, ҲКТ бар асоси асноде амал кардааст, ки ба дунболи натиҷагирӣ аз интихобот имзо карда буд. Дар ин баёнияи аҳзоби сиёсӣ натоиҷи интихобот дар Душанбе тақаллубӣ эълон шуда ва тақозои баргузории интихоботи такрорӣ дар шаҳри Душанбе матраҳ мешуд ва таъкид шуда буд, дар сурати баргузор нашудани интихоботи такрорӣ аҳзоб, аз ҷумла ҲКТ, аз Шӯрои Ҷамъиятӣ канорагирӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулини ҲКТ, ин иқдом як гуна эҳтиром гузоштан ба тааҳҳуди ҳизб аст.

Бо ин ҳол, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон севумин ҳизбест, ки аз Шӯрои Ҷамъиятӣ хориҷ мешавад. Аммо феълан танҳо аз сохтори ин Шӯро дар шаҳри Душанбе. То кунун Ҳизби Наҳзати Ислом ва Ҳизби Демократ низ яке пайи дигар фаъолияти худро дар ин Шӯро мутаваққиф кардаанд. Ба гуфтаи масъулини ин аҳзоб, то замоне ки натоиҷи интихобот ҳадди ақал дар шаҳри Душанбе бознигарӣ нашавад, ба Шӯрои Ҷамъиятӣ бар нахоҳанд гашт. Аммо ҲКТ узвияти худ дар Шӯрои саросарии Ҷамъиятиро ҳамчунон ҳифз кардааст.

Шӯрои Ҷамъиятӣ созмони иҷтимоиест, ки ҳанӯз соли 1994 таъсис ёфта, то ин таҳаввулоти охир зери раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмонов беш аз 70 созмони сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла 5 ҳизби сиёсии фаъол дар кишварро муттаҳид мекард.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG