Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10-солагии рубли тоҷикӣ


Рӯзи 10 майи соли ҷорӣ ба нахустин ислоҳоти пулӣ дар Тоҷикистон дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ 10 сол пур шуд. Қарори вуруди пули нави миллӣ бо номи рублҳои тоҷикиро ҳукумтаи Тоҷикистон дар таърихи 6 майи соли 1995 содир кард ва бар асоси он дар ивази чанд навъ пулҳои нақдиву ғайринақдӣ ва чеку қоғазҳои дигари қиматнок, ки ҳар кадом қурби алоҳида ва аз ҳам фарқкунанда дошт, танҳо як воҳиди пулӣ бо номи рубли тоҷикӣ ба муомилоти ин кишвар ворид карда шуд, ки сурату тасвирҳои рубли собиқи шӯравиро дошт, вале бо ҳуруфи тоҷикӣ наившта шуда буд.

Аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ва то таърихи 10 майи соли 1995 дар муомилоти пулии ин кишвар ҳамчунон пулҳои шӯравии собиқ амал мекарданд, ки ба маҳзи анҷоми ислоҳоти пулӣ дар соъиркишварҳои шӯравии собиқ Тоҷикистонро ба як ба истилоҳ "қабристони рубли шӯравӣ" табдил дода ва дар остонаи ислоҳоти пулии соли 1995 ҳаҷми рубли шӯравиро дар Тоҷикистон ба 65 миллиард доллар баробар карда буд.

Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, дар матлабе ба муносибати 10-солагии нахустин ислоҳоти пулӣ дар Тоҷикистони муосир навиштааст, ки рубли тоҷикӣ дар зарфи 5 соле, ки амал мекард, "вазифаи таърихии худро ба пуррагӣ иҷро кард ва заминаи заруриро барои дар соли 2000 ҷорӣ кардани пули миллии сомонӣ фароҳам овард."

Рублҳои тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон то тирамоҳи соли 2000 амал мекарданд ва дар 26 октябри соли 2000 пули нави сомонӣ ба муомилоти кишвар ворид карда шуд. Дар рӯзи 10-солагии нахустин ислоҳоти пулии Тоҷикистони мустақил Бонки Миллии Тоҷикистон қурби расмии пули сомониро 3 сомониву қариб 6 дирам дар баробари 1 доллари амрикоӣ таъйин кардааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG