Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи М.Искандаровро ба Додгоҳи Аврупо кашидан мехоҳанд


Анна Савитская, ки ба сифати вакили мудофеъ раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дар Русия дифоъ мекард, рӯзи сешанбе, 10 май дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба масъалаи истирдоди ба гуфтаи вай ғайриқонунии оқои Искандаров ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо муроҷиъат хоҳад кард. Хонум Савитская афзуд: "То ҳоли ҳозир тақрибан ҳама аснодро барои муроҷиъат ба додгоҳи аврупоӣ омода кардаам ва аз ин додгоҳ тақозо хоҳам кард, ки ба масъалаи боздошти ғайриқонунӣ ва истирдоди ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дахолат кунад."

Анна Савитская ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин пиромуни ин масъала ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва ба маъмури ин кишвар дар умури ҳуқуқи башар Владимир Лукин муроҷиъат карда, хостори расидагии онҳо ба ин масъала шудааст, ки боздошт ва истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Маскав ба Душанбе баъди ин ки додситонии кулли Русия қарори озодии ӯро судур карда буд, чӣ гуна иттифоқ уфтод. Вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Русия гуфт, ба додситонии кулли Русия низ муроҷеъ шудааст, ки дар робита ба ин масъала парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба таҳқиқи қазия бипардозад.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи 9 декабри соли гузашта дар Маскав бо дастури додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шуд. Вале дар таърихи 4 апрели соли равон додситонии кулли Русия дархости истирдоди оқои Искандаров ба Душанберо радд ва ӯро аз боздоштгоҳ раҳо кард. Баъди 10 рӯзи раҳоияш раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз манзиле, ки дар канори Маскав иҷора менишаст, ба таври мармуз ғайб зад ва танҳо рӯзи 26 апрел додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов эълом кард, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров чанд рӯз боз дар боздоштгоҳи вазорати амнияти ин кишвар дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Худи Искандаров баъдан тавассути вукалои мудофеъаш хабар дод, ки ӯро ҳанӯз шаби 14 ба 15 апрел афроди ношиноси аврупоисимо дар шаҳри Королёви вилояти Маскав боздошт карда, бидуни ҳеҷ санад тавассути ҳавопаймо ба Душанбе овардаанд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG