Пайвандҳои дастрасӣ

Гӯрҳои аз ёд рафтаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ


Ҳар рӯзи нӯҳуми май иддае ба сӯи қабристонҳо раҳсипор мешаванд. Ба хотири гиромидошти хотираи бобоҳо ва ё дигар наздикони худ, ки дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд ва баъди бозгашт дар ватан фавтидаанд. Субҳи нуҳӯми май дар роҳ ба сӯи яке аз оромгоҳҳои калонтарини шаҳри Душанбе «Сари Осиё» нафаронеро дидам, ки дар даст, белу сатилҳои об ва гулдастаҳо ба суйи ин оромгоҳ мешитофтанд.

Адиба яке аз онҳо гуфт, ки бобои ӯ Аваз Юсупов дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ширкат кардааст ва ӯ дар ин рӯз ҳамроҳи аҳли оила ба зиёрати бобои раҳматиаш омадааст. Адиба мегӯяд, Шодравон Аваз Юсупов дар солҳои 41 ва 46 дар сафҳои муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст: «Вақте ки бобом зинда буданд, ман майда будам, аммо ҳар вакте ки дар телевизион иштирокчиёни ҶБВ-ро нишон медоданд, бо чашмони гиряолуд ба мо дар бораи дӯстонашон, ки дар ҷанг нобуд шуда буданд, нақл мекарданд.»

Ба гуфти Норинисо Юсупова, фарзанди Аваз Юсупов, онҳо кӯшиш мекунанд, наберагон бобояшон ва таърихи он ҷангро фаромӯш накунанд. Ба гуфтаи ӯ, сарбозони марҳумро имрӯз ба ҷуз аз фарзандон ғолибан касе ёд намекунад. Шаҳриёр Усмонов - корманди Палатаи тиҷорат, фарзанди рӯзноманигор ва тарҷумон, Хайрулло Усмонов, ки ҳамроҳи писараш ба оромгоҳ омада буд, мегӯяд, аз он мефахрад, ки падарони онҳо дар ғалаба бар зидди фашизм саҳмгузоранд: "Ун кас ҷанга соли 1942 сар кардагӣ. Бисёр медалу орденҳо доштанд. Баъди ҷанг ба сифати рузноманигор, тарҷумон фаъолияташонро давом доданд. Ман фахр мекунам, ки фарзанди собиқадори ҶБВ ҳастам. Имрӯз, рӯзи он кас аст ва ман омадам, ки хотирашонро шод намоям."

Аммо иддае аз ҷавонон мегӯянд, бо гузашти солҳо гӯри бобоҳои худро, ки ба зидди Олмони фашистӣ ҷанг кардаанд, намедонанд, зеро чандин сол боз барои зиёрати онҳо наомадаанд. Воқеан дар оромгоҳи Сари Осиё ба чашм гӯрҳое ба назар мерасиданд, ки пеши санги мазорашонро гулҳои сурхи арғувонӣ оро медоданд. Аммо гӯрҳое кам набуданд, ки дар пештоқи санги мазори дар анбӯҳи алафҳо ва шохаҳои шикастаи дарахтон навиштаҷоте базӯр намудор мешуд, яъне иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
XS
SM
MD
LG