Пайвандҳои дастрасӣ

Тахриби 30 хона дар ноҳияи Рӯдакӣ


Бар асари сел 30 манзили маскунии хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Рудакӣ, 17-километрии ҷануби шаҳри Душанбе комилан тахриб шудааст. Бориши зиёди борон дар ду шабонарӯзи ахир боиси баланд гардидани сатҳи оби рӯдхонаи Кофарниҳон ва ба дунболи он ҷорӣ шудани сел дар ин минтақа гардидааст. Мирзо Зиёев - вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, дар пайи ҷорӣ шудани сел ба хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Рудакӣ, бахусус деҳаи Гулистон хисороти фаровони иқтисодӣ ворид шудааст.
Ба гуфтаи оқои Зиёев, сокинони минтақаи зарардида сари вақт ба маҳалли амн кӯчонида шудаанд, вале вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон вазъи минтақаи зарадидаро мураккаб арзёбӣ намуда, гуфт, ба ғайр аз 30 манзили пурра тахриб гашта, сел ҳамчунин ба 400 манзил дигари хоҷагии Кирови ноҳияи Рӯдакӣ низ зарар расонидааст.
Борандагии шадид ҳамчунин боиси пеш омадани мушкилот дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Душанбе шудааст. Аз ҷумла дар қисме аз маҳаллоти марказӣ ва ҷанубу шарқии ин шаҳр интиқоли нерӯи барқ мутаваққиф гардидааст. Мувофиқи омори вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, офоти табиӣ дар се моҳи аввали соли 2005 ба иқтисоди ин кишвар дар маҷмӯъ 7 миллиону 947 ҳазор сомонӣ хисороти моддӣ ворид сохтааст. Дар натиҷаи ин офот дар ин давра 24 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG