Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳо дар Тоҷикистон дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум


Нахустин чизе, ки ҳар мӯсафеду кампири имрӯза аз замони ҷанг, аз вазъ дар ақибгоҳ ба ёд меорад, ин гуруснагӣ, гуруснагии шадиде буд, ки мардум мекашид. Бобои Нуриддин тифлии худро ба ҷои кӯчаву бозӣ, дар гандумзорҳо бо хӯшачиниҳо гузаронидааст, то аз он хӯшаҳо модараш гандумбирён пухта диҳадаш:

«Гиря мекардам, оча нон те гуфта. Мегуфт, бачам, нон нест. Канӣ нон ман ба ту диҳам. Рав, сарак чин, мегуфт, кӯфта биёр, гандумкӯча карда хӯрем. Мо рафта аз сари замин сараки гандум мечидем, нахӯд мечидем, ба колхоз месупоридем, баъд дар рӯйи замин ягонта ғалтидагияшро бо пойҳоямон мекӯфтем.»

Бобои Кабир аз гуруснагӣ ҷон додани мардумро на як бору ду бор бо чашмони худ дидааст:

«Бача хоб аст, оча нон, оча нон гуфтестай. Э очат бимира охи, чӣ бидиҳам, ина дар дег отала кардам, ҳоло отала медиҳам. Куҷо отала, ина ҳамин кунҷолаи кӯфташуда аст. Дар дег бақ бақ ҷӯшида истодааст. Занак кунҷоларо овард, дар ҳалқи бачааш рехт, бачааш ҳамон лаҳза ҷон дод.»

Тифле, ки роҳ рафта метавонист хӯшачинӣ мекард, Мӯсафеде, ки дар даст дос гирифта метавонист, дарав мерафт. Чӣ тифлу чӣ пир, чӣ маризу чӣ солим ва чӣ марду чӣ зан ҳама то ҷон дар рамақ доштанд, кор мекарданд. Хотираҳои Бобои Нуриддин:

«Ҳама кор мекард. Ина ман майдаҳак будам, 11-сола будам, мерафтам, аз заминҳо саракро чида меовардам, дар хонаамон мекӯфтем, мехӯрдем. Бозор каҳ бурда мефурӯхтам, боз мерафтам модарамро дар дарав интизор мешудам, боз мегирифтам ва замини пахта мебурдам, пахта чобуқ мекард, боз гирифта дар хар савор карда меовардам. Ана ҳамин хел рӯзҳои вазнин доштем.»

Бобои Кабир:

«Немис лағат карда омадааст охир, Масквада расидай, ки Сталина ҷонаш питир - питир карда истодааст.»

Дар даврони қаблазҷангӣ низ шиками на ҳама мардум сер буд, вале бо ҳуҷуми Олмони фашистӣ вазъи мардуми нимгурусна ба маротиб сангинтар гашта буд. Бо шурӯъи ҷанг шиори ақибгоҳ «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» гашта буд ва ҳама соҳаҳои мардум ҳарбӣ гардонида шуда буд. Таоми мардум дигар асосан аз як мушт гандум, нахуд ва ё ҷуворӣ иборат буд ва ё решаву танаи гиёҳу алафҳо. Чунин вазъ танҳо хоси аксарият буд, мегӯяд Бобои Кабир, аксарияте, ки дар заводу фабрика барои як бурда нон кор мекарданд, аксарияте, ки дар гандумзор зери офтоби сӯзон гандум медаравиданду аз гуруснагӣ сарашон чарх мезад. Ин ҳоли ом буд, вале хос:

«Калонҳо дузди қаттол шуда буданд. Халқро бисёртар ҳаминҳо боз ғорат мекарданд.»
Хотираҳои талхи айёми зиндагии сангини ин мардуми сарсахт аз насл ба наслашон нақл мешавад. Сулаймон ном як ҷавон бо қиссаҳои риққатовари бобову бибияш калон шудааст:

«Мегуфтанд, ки ҳама мардакҳо дар ҷанг буданду занакҳову кӯдакҳо дар сари замин кор мекарданд. Гандумро дар тоқича медодаанд ҳамчун музди меҳнат. Бобоям хандида нақл мекард, ки ҳамин бибиямро бар ивази ду ҷувол гандум ба занӣ гирифта будааст.»

Ҷанг тамоми ҳудуди Шӯравиро фаро гирифта буд. Агар дар майдонҳои ҷанг хатари ҳар лаҳза аз тири душман фавтидан мавҷуд буд, дар ақибгоҳ гуруснагӣ ва кори вазнин ҳар лаҳза метавонист, ҳар нафарро аз по афтонад. Шабаҳи марг ҳама ҷо мегашт ва на нури офтобу на сурхии лолаҳову на сафедии барфу на нилгунии осмони соф дигар қалби мардумро фурӯзон нигаҳ намедошт. Дар ақибгоҳ низ ҷанг буд. Ҷанг бо гуруснагӣ, ҷанг бо хастаҳолӣ, ҷанг бо маризӣ. Ҷанг бо эҳсосот, бо асаб. Ақибгоҳ низ майдони набард буд.
XS
SM
MD
LG