Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашни 60-солагии Ғалаба дар Маскав


Дар шаҳри Маскав, дар Майдони Cурх рӯзи 9 май ба ифтихори пирӯзии Иттиҳоди Шӯравии вақт дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум парад ва ё реҷаи низомии идона баргузор гардид, ки дар он 4000 собиқадорони ҷанг, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва 7 ҳазор низомиёни артиши Русия ширкат карданд.
Ҷараёни реҷаи низомии идона дар Майдони Сурхро сарони беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раисони ҷумҳуриҳои Амрикову Фаронса Ҷорҷ Буш ва Жак Ширак, нахуствазири Олмон Герхард Шрёдер, роҳбарони Чин, Ҳинд, Ҷопон ва 11 ҷумҳури шӯравии собиқ тамошо карданд. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шумори меҳмонон дар Майдони Сурх ҳузур дошт.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳангоми суханронӣ нақши Иттиҳоди Шӯравиро дар саркӯб кардани фашизм арзёбӣ карда, гуфт: "Пирӯзӣ дар ин ҷанг барои мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ чун корномаи бемисли мардумӣ ба ёдгор мемонад, барои кишварҳои Аврупо ва тамоми сайёра, рӯзи наҷоти ҷаҳон."
Аз Майдони Сурх, пас аз ворид кардани парчами пирӯзӣ, нахуст сафҳое гузаштанд, ки либоси низомии солҳои ҷангро дар бар доштанд. Пас аз он собиқадорони ҷанг аз кишварҳои шӯравии собиқ, савори мошинҳои ҷангӣ гузаштанд. Дар байни онҳо панҷ нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Дар маҷмӯъ аз Майдони сурх 18 қитъаи низомии ом аз ҳамаи навъҳои артиши Русия, бо қадамзании идона гузаштанд. Чанд бол ҳавопаймои низомӣ дар ҳарими ҳавои Кремл парвоз анҷом дода, бо дудҳои ранга дар осмон нақши парчами Русияро офариданд.
Ва аммо дар ҷашн сарони на ҳамаи кишварҳои зирабти ҳамсоя ширкат доштанд. Руасои ҷумҳуриҳои Литва ва Эстония ба сабаби арзёбии мутафовити натиҷаҳои ҷанг ба Маскав ба ҷашн наомадаанд. Президенти Гурҷистон ба далели адами тавофуқоти хуруҷи пойгоҳҳои низомии Русия аз Гурҷистон ҳузур дар ҷашнро рад кардааст. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Меҳанӣ 26 миллиону 400 ҳазор қурбонӣ додааст. Шумораи қурбониёни Ҷанги Ҷаҳони Ҷаҳонӣ наздик ба 50 миллион тахмин карда мешавад.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG