Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи майдони 60-солагии Ғалаба дар Қӯрғонтеппа


Рӯзи душанбе, 9 май ба ифтихори таҷлили рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳузури тақрибан 100 собиқадори ҷанг майдони 60-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон боз гардид. Дар ин майдон лавҳаи хотира бо навиштаҷоти солҳои 1945 ва 2005 насб гардида, ҳамчун рамзи хотира аз шаҳидони ҷанг оташи абадӣ фурӯзон карда шуд. Иштирокдорон ва маълулони ин ҷанг назди гулхани абадӣ китоби хотироти 60 сол муқаддами худро варақ зада ва дар назди муҷассамаи рамзӣ, ки иборат аз ду нақши кӯраи замин аст, гулчанбар гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, бо пешниҳоди як гурӯҳи ветеранҳои ҷанг, ба хотири пуштибонии ҳукумати Хатлон аз иштирокчиён ва маълулони ҷанг раиси вилоят Амиршоҳ Миралиев низ бо медали "60-солагии Ғалаба бар фашизм" тақдир шуд.
Бароти Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG