Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Иди Ғалабаро ба навъе ҷашн гирифтанд


Панҷ собиқадори Ҷанги ҷаҳонии дуюм аз Тоҷикистон дар маросимҳои 60-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон дар Маскав ширкат мекунанд, аммо дар худи кишвар на дар ҳама ҷо нишастҳои идона баргузор шуданд. Яке аз ширкаткунандагони маҳфилҳои Маскав, Ҷумъа Усмонови 85-сола, баъд аз мулоқот бо президенти Русия ба хабарнигори Ассосиейтед Пресс гуфт: "Ман чунин ҳис кардам, ки дубора ба СССР баргаштаам. Чунин ид бояд ба президентҳои мо ёдоварӣ кунад, ки мо таърихи ягона ва ғалабаи ягона дорем." Аз Тоҷикистон дар ҳайъати артиши шӯравӣ наздик ба 270 ҳазор нафар дар ин ҷанг ширкат карда, зиёда аз 90 ҳазор нафар кушта шудаанд. 54 сарбозу афсари тоҷик ба баландтарин ҷоизаи ҷанг -- унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 14 нафар ба ҳарсе дараҷаи Нишони Шараф ноил гаштаанд.
Дар ҳамин ҳол матбуоти Русия навишт, талафоти зиёди тоҷикон дар ҷанг ба дониши сусти забони русӣ бастагӣ дошт. Аммо иттилооте низ мавҷуд аст, ки сарбозони тоҷик дар сафи пеши ҷабҳа ҷонбозиҳо кардаанд.
Бобошароф Султонови 90-сола дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша дар хатарноктарин амалиёти ҷангӣ ширкат дошта, борҳо захмӣ шудааст.
То соли ҷашн дар Тоҷикистон ба вазъи собиқадорони ҷанг аҳамияти ҷиддӣ дода намешуд. Ягона Осорхонаи ҷанги ҷаҳонии дуюм ва Маркази собиқадорони ҷанг аз маркази шаҳр ба як ҳуҷра дар канораи Душанбе кӯчонида шуд. Чопи Китоби хотираи ширкаткунандагони ҷанг, ки мебоист 10 сол пеш ба нашр мерасид, бо сабаби набуди маблағ ба таъхир гузошта шудааст. Танҳо ҳамин сол дар арафаи ҷашн ҳукумати Тоҷикистон нафақаи собиқадорони ҷангро зиёд карда, ба ҳар яки онҳо дар ҳаҷми 300 сомонӣ кӯмак намуд.
XS
SM
MD
LG