Пайвандҳои дастрасӣ

Посухҳои нави шумо доир ба Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ба Радиои Озодӣ


Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ Дар арафаи 60-солагии Ғалаба бар фашизм мехоҳем бипурсем, ки Шумо дар бораи он ҷанг чӣ медонед, чӣ эҳсос ва андеша доред? Дар бораи нақши Тоҷикистон ва собиқадорони ҷанг ва вазъи имрӯзаи онҳо чӣ мегӯед? Оё ҷавонони тоҷик ба Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм аз кадом зовия нигоҳ мекунанд? Баъзеҳо ҳам Гитлер ва ҳам Сталинро аз "қассобон"- и ин ҷанг мешуморанд, назари Шумо чист? Агар дар ин бора гуфтание доред, ба е-майлҳои JavononiOzodi@rferl.org, Tajik@rferl.org паёми худро фиристед ва ё ба телефонҳои 24-08-77, 24-61-91, 24-57-47, 21-94-08 дар Душанбе занг зада назари худро баён доред. Паём ва садои Шумо дар барномаи махсуси мо бахшида ба 60-солагии Пирӯзӣ дар ҷанги зидди фашизми гитлерӣ мақоми арзанда хоҳанд дошт. Ва инак, посухҳои нави шумо...

Ман Абдураҳмон яке аз муҳассилини тоҷик дар хориҷ, тамоми халқи тоҷикро барои Иди Ғалаба табрик мегӯям ва аз ҳама мардуми тоҷик хоҳиш мекунам, ки модоме, ки тоҷик ҳастанд ба мардуми Тоҷикистон кӯмак кунанд ва ин ба воситаи хондан мешавад.
29.04.2005

Ассалом.
Нақши тоҷикон ва Тоҷикистон дар ҷанги ҷаҳонӣ ба таври ошкор нишон дода намешавад, барои он ки фақат дар ҳама ҷо менависанд, ки халқи рус ин ғалабаро овард. Саломат бошед.
05.05.2005
XS
SM
MD
LG