Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои Тоҷикистон, захираҳои обии беистифода ва баландпарвозиҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон


Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба мавзӯи истифодаи об пардохта менависад, ки дар Тоҷикистон панҷоҳ обанбори хурду бузург вуҷуд дорад, ки бештари онҳо ҷараёни оби дарёҳои байнисарҳадиро ба танзим меоранд. Аммо аз ин захоири фаровони обӣ меафзояд нашрия, аз Тоҷикистон дида кишварҳои ҳамсояи он бештар суд мебаранд. Барои мисол таъкид намудааст нашрияи "Тоҷикистон" 96 дарсади оби дарёи Зарафшон аз ҷониби Узбакистон мавриди истифода қарор мегирад. Ин дар ҳолест мегӯяд нашрия, дарёҳо асоси қонунгузории Тоҷикистон моликияти ин кишвар маҳсуб меёбанд, вале ин муқаррарот аз ҷониби ҳамсоякишварҳо ба эътибор гирифта намешавад.

Ширкати миллии ҳавонавардиии Тоҷикистон қасд дорад, бо кӯмаки Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд то охири соли 2005 ду адад ҳавопаймои мусофирбари навъи Боинг-737 ва Аэробус-320 харидорӣ намояд. Бино ба навиштаи "Азия Плюс" - нашрияи русизабони чопи Душанбе Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд барои харидории ҳавопаймоҳо аллакай 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Ба навбаи худ ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон низ бо ин ҳадаф 2,4 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додаст.

«Бизнес и Политика» аз рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ дар кишвар навишта, ёдовар шудааст, ба далели дахолатҳои зиёди мақомоти андоз имрӯз ин бахш дар Тоҷикистон бо мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ аст. Ба навиштаи ин ҳафтанома, дар Душанбе ҳар як соҳибкор ба ҳисоби миёна рӯзе се маротиба аз ҷониби мақомоти мухталиф мавриди тафтиш қарор мегирад ва дар аксари ин маворид соҳибони дӯкону мағозаҳо маҷбур мешаванд, ба ин мақомот ришва бидиҳанд.

Нашрияи "Наҷот" ба нақл аз вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов навиштааст, дар ҳоли ҳозир қарзҳои берунаи ин кишвар 683 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор афзудааст ин нашрия, 93 дар сади қарзҳо боимтиёз маҳсуб меёбанд. Ба навиштаи «Наҷот» Тоҷикистон аз соли 1995 то кунун тавонистааст, беш аз 100 миллион доллар қарзи хориҷии худро пардохт намояд.
XS
SM
MD
LG