Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷозаи мулоқот бо собиқадори ҷанг пас аз 60 сол


Ҳукумати маҳаллӣ ба ширкаткунандаи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аз деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон Сӯҳробшо Назаршоев дар тӯли 60 сол бори аввал иҷоза дод, ки бо муҳассилини мактаби ин деҳа расман мулоқот кунад. Сӯҳробшо Назаршоев пас аз шаш моҳи ширкат дар муҳорибаҳо моҳи ноябри соли 1942 дар наздикии шаҳри Ростови лаби Дони Русия ба асорати сарбозони Олмони фашистӣ афтода ва ба гуфтаи худаш то анҷоми ҷанг умри худро зери шиканҷаву таҳқир дар зиндонҳои кишварҳои мухталифи дунё сипарӣ кардааст.
Ба суоли шогирдони мактаб, ки чаро ӯ ҳангоми ба асорат афтидан, қасди ҷони худ накард, Сӯҳробшо Назаршоев посух дод, ки дар ҳоли беҳушӣ ба дасти душман афтод, ва агар каме имкон медошт, худро ҳалок мекард. "Аз бозгашт ба ватан аввал шод будам, аммо баъд пушаймон шудам, ки чаро баргаштам, зеро маро хиёнаткор мегуфтанд ва дигаронро сарбозони пирӯз" - гуфт Сӯҳробшо Назаршоев.
"Аз бозгашти ман танҳо падару модар ва хешони наздик хушҳол буданд, то ҳатто тӯй барпо карданд, аммо ба тӯи мо касе наомад." - ҳикоят кард, Сӯҳробшо Назаршоев. Вай ҳамчунин афзуд: "То соли 1985, яъне то бозсозӣ дар сиёсати шӯравӣ ман худро дар зиндон ҳис мекардам, зеро ҳар қадами ман таҳти назорати кормандони кумитаи амният буд. Ба фарзандону наберагонам иҷозат набуд, ба кишварҳои хориҷӣ сафар ва ё дар мақомоти давлатӣ фаъолият кунанд."
Аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон 3500 нафар ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ даъват шуда буданд, ки нисфи онон дар мубориза ба зидди фашистони олмонӣ ҷон додаанд. Ҳоло дар ин минтақа танҳо 85 нафар шоҳидони ҳаводиси мудҳиши он солҳо ба сар мебаранд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG