Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ишқи ҷавони нобинои тоҷик ва муоширати ғайримуқаррарии ӯ бо дилдодаи бино


Ин порае аз муоширати аудиоии Икромоҷон ва Шамъигул ду дилдодаи ҷавон аст. Ин ду ҷавон ғоибона ба ҳам дил дода, тӯли як сол мешавад, ки на ба воситаи нома, балки ҳар ду тариқи сабт дар фита ба ҳамдигар рози дил мегӯянд, зеро яке имкони мутолиа намудан ва барои азизи худ нома навиштанро надорад, яъне аз қувваи босира маҳрум аст.

Икромҷони Маҳмузода ҷавони 28-сола нобино аст. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ умед надоштааст, ки рӯзе ӯ низ ба мисли ҳар ҷавони солим нафареро дӯст хоҳад дошт ва ҳеҷ бовар надошт, ки духтаре ишқи ӯро мепазирад. Вале ӯ бехабар буд, ки Шамъигули 24-сола чаҳор сол боз ишқи ӯро дар дил мепарварад. Шамъигул Нуриддинова, духтари солим ва эҷодкор нахуст ба садои Икромҷон, ки аксаран дар барномаҳои мустақими радиои «Садои Душанбе» садо медод, дил бастаааст:

«Чор сол пештар ман ҳамеша радио гӯш мекардам ва садои ин касро мешунидам, дар миёни мухлисон беҳтарин суханҳоро ҳамин кас эҳдо мекарданд ва зиёд дар дил орзу мекардам, ки боре ӯро бубинам, зеро як меҳре нисбаташ пайдо намуда будам.»

Он вақт мо ҳамдигарро намешинохтем мегӯяд Шамъигул ва танҳо дар барномаҳои ин радио ширкат менамудем. Баъди чанд муддати ҷустуҷӯҳо Шамъигул билохира рақами телефони Икромҷонро пайдо менамояд ва шурӯъ мешавад шиносоии онҳо:

«Нахуст дӯстона сӯҳбат мекардем, як рӯз дигар сабрам лабрез шуду ду рӯз паёпай дар сӯҳбати телефонӣ гуфтам, ки нафаре ҳаст, ки шуморо дӯст медорад. Икромҷон хоҳиш карданд, ки розро бикушоям ва баъд гуфтам, ки нафаре, ки шуморо дӯст медорад, ман ҳастам ва телуфонро гузоштам.»

Шамъигул мегӯяд, вақте ба садои Икромҷон дил бастааст, аз нобиноии ӯ воқиф набудааст, вале пас аз огаҳӣ аз асли воқеа низ меҳру муҳаббаташ нисбати ин ҷавон тағйир наёфтааст. Аммо Икромҷон чӣ мегӯяд:

«Ҳамин сӯҳбатҳои телефонӣ оҳиста-оҳиста меҳри ҳамин нафара дар дили ман ҷой кард. Таронаҳояшро, ки ман тариқи радио мешунидам, мехостам бо ҳамин таронанавис аз наздик вохӯрам.»

Шамъигулро ин ҷавони ошиқ, вале нобино Гулбашакар ном мебарад, ба мисли қаҳрамони китоби "Чаманоро". Икромҷон мегӯяд, ӯ ҳарчанд имкони дидани Шамъигулро надошта бошад, ҳам аммо дар қалби худ ӯро тассавур мекунад, чун як духтари зебо ҳатто аз моҳу ситораҳо ҳам зеботар.

Имрӯз ин ҷавонони ошиқ дер-дер бо ҳам вомехӯранд, зеро Икромҷон сокини шаҳр ва Шамъигул аз деҳаи дурдаст аст. Шамъигул чанд рӯзи аввали шиносои ба дӯстдоштаи худ нома менавиштааст. Икромҷон мегӯяд:

«Бидуни як нафаре ман номаҳои коғазиро хонда наметавонам ва бинобар ин ҳамин роҳа пешниҳод кардам, садояшро сабт карда фиристад.То ҳол байни ману Гулбашакар ҳамин хел мактубҳо раду бадал мешаванд.»
Ва баъдан Шаъмигул дигар суханони худро дар фитта сабт карда, ба Икромҷон ирсол медошт:

«Хеле шодам ва намедонам нисбати Шумо чӣ гуна суханонро баён кунам. Шумо арзандаи ҳама меҳрубониҳо ҳастед.»

Аз Икромҷон мепурсам, ки вақте пайғом ё худ фитаи суханони Шамъигул ба ӯ мерасад чӣ ҳиссиёте ӯро фаро мегирад:

«Ман ҳамроҳи худ аксаран диктофон мегардонам ва ҳатто фурсати то хона омадана интизор нашуда, дар роҳ гӯш мекунам. Бо садои ӯ хоб мераваму бо садояш бедор..»

Ин ҷавонони ошиқ мегӯянд, ба назари онҳо, имрӯз танҳо ишқи самимӣ ва воқеъӣ ин ишқи онҳост.
Икромҷон ва Гулбашакари ӯ имрӯз дар тараддуди хонадоршавӣ ҳастанд, волидони Шамъигул низ монеъи висоли ин ду дилдода нашудаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG