Пайвандҳои дастрасӣ

Фазо дар Шӯрои ҷамъиятӣ баъд аз рафтани демократҳо ва наҳзатиён


Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пасиҳам эълон карданд, ки аз Шӯрои ҷамъиятии ризояти миллӣ хориҷ шудаанд. Агар ин ду ҳизб даст ба чунин иқдом задаанд, пас чунин ба назар мерасад, ки аз замони ташкили ин шӯро дар соли 1996 бори аввал дар он рахна ба вуҷуд меояд.

Чаро ин ҳолат ба амал омад ва хурӯҷи ду ҳизби муҳими кишвар ба кори шӯро чӣ таъсир хоҳад дошт? Аслан нақши ин ниҳод дар ҳаёти ҷамъиятию-сиёсии Тоҷикистон аз чӣ иборат аст? Оё он тавонистааст ба ҳифзи ризоияти миллӣ дар кишвар мусоидат кунад? Дар сӯҳбати мизи гирд Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии ризояти миллӣ Мавлон Мухторов, мушовири президенти Тоҷикистон Саид Аҳмадов, раҳбари дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Амнияти Абдулназар бо ҳам рӯи ҳамин масъалаҳо баҳлу талош карданд.
Мизи гирдро бо клик кардани ин ҷумла метавонед бишнавед.
XS
SM
MD
LG