Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросимҳои идона ба муносибати 60-солагии Ғалаба


Субҳи рӯзи 6-уми май ба муносибати 60-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон дар шаҳри Душанбе як ҷамъомади мутантан ва гузашти ҳарбии муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва фирқаи 201-и Русия баргузор гашт. Дар ин маросим, дар Боғи Ғалаба, ки яке аз сафҳои онро собиқадорони ин ҷанг ташкил медоданд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, Тоҷикистон дар солҳои 1941-45 зиёда аз 270 ҳазор фарзанди худро ба ҷабҳаҳои ин ҷанг фиристод. Ҳар нафари чоруми ин теъдод аз майдонҳои ҷанг барнагашт. 54 сарбозу афсари Тоҷикистон ба баландтарин ҷоизаи ҷанг -- унвони қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ ноил шуданд. Ҳамчунин кишвар ба сифати ақибгоҳи ҷабҳа дар иқтисодиёти ҳарбӣ саҳм гирифта, мардуми он гуруснагӣ ва бенавоиро ба сар бурданд.
Президент Раҳмонов гуфт, кишвар роҳ нахоҳад дод, ки собиқадорони ҷанг ва ақибгоҳ дар Тоҷикистон хор шаванд.
Маросими идона ба он сабаб пеш аз мӯҳлат баргузор шуд, ки президент Раҳмонов бо гурӯҳе аз собиқадорони ҷанг ва шахсони расмии Тоҷикистон дар ҷашни 60-солагии Пирӯзӣ дар Маскав ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG