Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои Инъомҷон Қурбонова - халабонзани тоҷик ва собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ


"Ман ҳаждаҳсола будам, чӣ будани ҷангро намедонистам, вақте бомба мепартофтанд, тир мепаронданд, гарчанде ки мо аз хати фронт се километр дур бошем ҳам, вале ваҳшаташ зиёд буд. Як ҳамяроқи моро парронданд, ба ҷойи самолёти душманро парондан мо дар боло ӯ гиряву нола кардем. Дар ҳамон ҷо мо қасам хӯрдем, ки то охири умр то охири умр, то охирин қатраи хуни худ ба муқобили душман мубориза барем." - ин танҳо қисмате аз қиссаҳои Инъомҷон Қурбонова, як зани тоҷик аст, ки аз шаҳри Хуҷанд ба ҷанги зидди Олмони нозӣ рафт ва халабони ҳавопаймои ҷангӣ шуд.
Хонум Қурбонова баъд аз бозгашт, ноҳияи Орҷоникидзеобод ва ё ноҳияи Ваҳдати кунуниро макони зист ихтиёр кард ва то ҳол дар ин ҷо зиндагӣ мекунад. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хотироташ аз солҳои ҷанг ва ширкаташ дар муҳорибаҳоро ҳикоят кард ва қиссаҳои ӯро зери ин ҷумлаи сабз пайдо мекунед.

Ва хотираҳо дар аксҳо

XS
SM
MD
LG