Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи мусобиқаи дзюдо дар Душанбе


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гӯштии дзюдо, ки дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 200 варзишгар тайи ду рӯз идома кард, шоми панҷшанбе ба поён расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ, бахусус гӯштигирони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 кило, Рауф Ҳукуматов дар вазни 81 кило, Парвиз Собиров дар вазни 90 кило, Абдулҳамид Раҳимов дар вазни 100 кило ва Ҳамрохон Шехов дар вазни беш аз 100 кило маҳорати баланд зоҳир карда, соҳиби мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқа шуданд.
Рӯзи 5-уми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе маросими кушоиши мусобиқаи ҷумҳуриявии давандаҳо барои дарёфти ҷоизаи Шайдулло Исоев, устоди варзида ва собиқадори варзиши тоҷик баргузор шуд. Шайдулло Исоев - поягузори дави марафонӣ дар Тоҷикистон ҳоло раҳбари мактаби махсуси варзиши сабуки шаҳри Душанбе мебошад. Дар мусобиқаи имсола ҳудуди 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб рақобат мекунанд, ки миёни онҳо давандаҳои моҳир Аҷмал Амиров, Нозимҷон Эрматов, Соҳибҷон Шарипов, хоҳарон Надима ва Назира Мирзоеваҳо ҳастанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG