Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши кӯмакҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон


Музаффар Исҳоқов - раиси маркази ҳамоҳангсозии кӯмакҳои берунаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ, ки рӯзи 5 май баргузор гашт, гуфт, 90 созмону кишварҳои кӯмакрасони хориҷӣ танҳо дар соли 2004 ва 3 моҳи соли равон, 440 лоиҳаро дар соҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон маблағгузорӣ намудаанд.
Музаффар Исҳоқов ҳамчунин афзуд, яке аз мушкилоти аслие, ки дар роҳи ҷалби кӯмакҳои хориҷӣ монеъа эҷод мекунад, масрафи нодуруст ва беҳадафи ин кӯмакҳо мебошад.
Ҷамшед Лақаев - Мудири маркази кӯмакҳои беруна оид ба соҳаи обтаъминкунӣ дар посух ба саволи хабарнигорон, ки оё 17 миллион доллар, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои таҷдиди ин соҳа ирсол дошт, чӣ гуна масраф шуд, чунин посух дод: "Мо саъй дорем, то охири ҳамин сол ин 17 миллион доллари Бонки Ҷаҳониро аз худ кунем, аммо барои таҷдиди кулли ин система 150 миллион доллар лозим аст."
Ба гуфтаи Музаффар Исҳоқов - раиси Маркази ҳамоҳангсозии кӯмакҳои берунаи ҳукумати Тоҷикистон тайи 2 соли ахир қарзҳо ва кӯмакҳои билоивази созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кӯмакрасон 42 дар сад иқтисоди Тоҷикистонро боло бурдааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG