Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазо ба як устоди донишгоҳи Хуҷанд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Артур Мулкиҷониён - муовини сарвари факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба ришваситонӣ гунаҳкор донист ва ба ӯ ду сол ҷазои ҳабси шартӣ таъйин кард. Наргисхон Ёдгорова - додраси додгоҳи Хуҷанд, раиси мурофиаи ин парванда зимни эълони ҳукм гуфт, Артур Мулкиҷониён - устоди собиқадори Донишгоҳи Хуҷанд ҳангоми қабули такрории имтиҳон аз як шогирдаш ба тариқи ғайриқонунӣ 10 сомонӣ, баробари беш аз 3 доллари амрикоӣ маблағ гирифтааст.
Бо ҳукми додгоҳ Артур Мулкиҷониён дар муддати ду соли оянда дар озодӣ таҳти назорати идораи корҳои ислоҳии вазорати адлияи кишвар қарор хоҳад дошт, ҳамчунин барои як соли аввал аз ҳуқуқи ишғоли мақомҳои роҳбарӣ маҳрум гашт. Пас аз эълони ин ҳукм устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз паси панҷараи толор, аз ҳабси пешакӣ озод гардид.
Аммо Равшаной Маҳкамова - вакили дифоъи Артур Мулкиҷониён гуфт, бо ҳукми додгоҳ нисбати нафари таҳти ҳимояташ розӣ нест. Вай афзуд: «Мо ба хулоса омадем, ки ин ҳукм бо аризаи шикоятии мо бори дуюм мавриди бозбинӣ қарор ёбад. Гирифтани пора аз ҷониби вай исбот нашудааст.»
Артур Мулкиҷониён тақрибан моҳе қабл баъди шикояти як шогирдаш, донишҷӯи соли саввуми факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳи Хуҷанд боздошт шуда буд. Донишгоҳи Хуҷанд донишҷӯёнашро муваззаф кардааст, ҳангоми такроран супурдани имтиҳон барои маротибаи чаҳорум ба хазинаи донишгоҳ 30 сомонӣ пардохт намоянд, вале тибқи муқаррарот ин амал бояд ҳатман мувофиқи асноди расмӣ сурат бигирад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG