Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари қарзгирифта, ё маросимҳои арӯсии миёншикан?


Дар Тоҷикистон ҷараёни издивоҷи як ҷавон баъд аз хостгорӣ ва чанд маросими дигари қадима, аз қабили фиристодани сару либос ва тӯҳфаҳову фармоишҳои ҷониби арӯс як ҳафта зиёд идома мекунад. Масалан, чанд рӯз қабл барои дугонаҳои арӯс базм ороста мешавад, ки ин ҳам дар аксари маврид бо пули ҷониби домод сурат мегирад, баъдан барои маҳалла маъракаи оши наҳор барпо мешавад ва маросими никоҳ низ харҷи камро талаб намекунад ва ниҳоят аз ҳама маросими калон дар хонаи домод, ки имрӯз аксаран дар тарабхонаҳо сурат мегирад, мебошад.

Алишер Раҳмонбердиев - ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, харҷҳои зиёд дар туйҳо на аз доро гаштани тоҷикистониён дарак медиҳад, балки баръакс, аз побандии сахти онон ба афкори ҷомеа: «Агар харҷро камтар карда туй гузаронанд, соҳибони туй фикр мекунанд,ки аҳли маҳал онҳоро айб мекунанд,ки мисол фалонӣ вақте тӯй кард, ин қадар хароҷот буду,ин хел маърака кард,аммо шумо ин хел накардед мегӯянд.»

Алӣ Сафаров, як ҷавони тоҷир мегӯяд, ӯ аз фармоишҳои ҷониби духтарон, ки вақтҳои ахир аз сомонӣ ба доллар мубаддал гаштааст, хеле нигарон аст. Охир ин ҷавони муҷаррад метарсад, ки боз чанд соли дигар сараш ба қавли тоҷикон "дуто" накарда мемонад:

«Падару модар мераванд ба хостгорӣ, онҳо аз намак сар карда то гову гӯсфанду чизҳое, ки наменависанд. Зӯри кас намерасад, ба харидани онҳо маҷбур мешавӣ, қарз бигириву барӣ чизҳои мехостаи онҳоро. Модда шудааст, ҳоло қалинро бо доллар мегиранд.»

Ва ягона роҳи ҷамъи пули зангириро аксари кулли ҷавонписарон дар бозору ҷангалу сохтмонҳои Русия мебинанд.
Мамлакат Зоҳидова, роҳбари хонаи ақди никоҳи марказӣ муассисае, ки ҳар рӯз сари чандин ҷавонписарону ҷавондухтаронро, агар шӯхикунон гӯем ба ҷанҷол мемонад, мегӯяд, синну соли издивоҷ дар муқоиса бо понздаҳ - бист соли қабл болотар рафтааст. Агар ба гуфтаи ӯ, ҷавонон замони шӯравӣ асосан дар 18 - 23 солагӣ издивоҷ мекарданд, ҳоло аксари ҷавонҳои имрӯза ҷомаву костюми домодиро баъд аз 24-солагӣ ба бар мекунанд:

«Ҷавон барои он ки маблағ ҷамъ оварда зан гирад, солҳои тӯлонӣ кор мекунад ва синну солаш ҳам рафтан мегирад ба 25-30 мерасад, баъд аризаи худро ба хонаи ақди никоҳ меоваранду тӯйи худро бо тантана мегузаронанд.»

Талабшо ном донишҷӯ бар ин фикр аст, ки ин маросимҳо харҷи зиёдатӣ набуда расмҳои қадимаи тоҷиконанд:

«Қалине, ки мебурданд, ҳамон аст, гову мол, ҳавлопазӣ ва ғайра. Ҳамаш ҳамон меъёр аст, фақат,ки имрӯз буҳронӣ иқтисодӣ аст ва барои баъзе аз тоҷикон маросими туйгузаронӣ душвор шудааст.»

Ҷомеашинос Алишер Раҳмонбердиев мегӯяд, расму ойини қадимаро метавон ба шакли оддӣ ва мувофиқи қудрат баргузор намуд, зеро харҷи маблағи зиёд ба ояндаи ду навхонадор ҳам бетаъсир намемонад ва баъд аз тӯй онҳо бояд хонаи худро обод кунанд, на аз пайи баргардонидани қарзҳои тӯяшон гарданд. Ҳамчунин охир пайғамбари ин ҷомеаи мусалмони тоҷик Муҳаммад (с) низ дар ҳадисе таъкид кардааст, ки "Беҳтарини никоҳҳо осонтарини онҳост."
XS
SM
MD
LG