Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути чархболи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон


Дар натиҷаи суқути як чархболи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ҳошияи шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар рӯзи чоршанбе ду сарнишини он ба ҳалокат расида ва як тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштааст. Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон Заробиддин Сироҷов бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, чархболи низомии навъи Ми-24 нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар 3-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар як маҳаллаи кӯҳӣ ба садама дучор шудааст. Оқои Сироҷов афзуд, далели суқути чархбол рӯшан нест ва бо ҳадафи таҳқиқи сабабҳои эҳтимолии садама бо дастури вазири дифоъи Тоҷикистон як комиссия шурӯъ ба фаъолият кардааст. Бино ба итиллои вазорати дифоъи Тоҷикистон, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар соли 1993 ба дунболи таъсиси Артиши миллӣ ташкил шудаанд ва дар ҳоли ҳозир чанд адад ҳавопаймо ва чархболҳои низомии сохти замони шӯравиро дар ихтиёр доранд.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки як чархболи низомии артиши ин кишвар дар шароити ғайриҷангӣ суқут менамояд. Тайи солҳои 1992 -1997 дар манотиқи шарқи Тоҷикистон чанд адад чархболҳои низомии артиши ин кишвар ба ҳангоми даргириҳои мусаллаҳона бо нерӯҳои собиқ мухолифини тоҷик сарнагун шудаанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG