Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони тиллои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон


Сергей Бабиков, узви дастаи мунтахаби Бошгоҳи марказии низомиёни вазорати дифоъи Тоҷикистон дар рақобатҳои тирандозии панҷумин спартакиада ва ё мусобиқоти нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шуд. Заробиддин Сироҷев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Сергей Бабиков дар рақобатҳои тирандозӣ аз таппончаи Макаров 378 хол ба даст овард. Ҳамчунин дастаи тирандозии Тоҷикистон дар ҳайъати Олег Набиев, Сергей Бабиков ва Фарҳод Холмуродов байни тимҳо ҷойи аввалро ишғол намуд. Тими тирандозии Русия мақоми дуввум ва дастаи Украина мақоми севвумро касб карданд.
Ба гуфтаи Заробиддин Сироҷев, дар ин мусобиқот ҳамчунин варзишгарони тоҷик Шодӣ Баҳромов дар рақобатҳои гӯштии озод, Абдуфаттоҳ Зиёев дар рақобатҳои сангбардорӣ ва Игор Гатиатуллин дар давидан ба масофаи 100 метр соҳиби мақоми севвум ва медали биринҷӣ шуданд.
Хабари дигар ин аст, ки дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии камонварӣ, ки дар Туркия оғоз шуд, ширкат дорад. Ба ҳайъати даста занони варзишгари маъруфи тоҷик Наргис Набиева, Фирӯза Зубайдова ва Албина Камолиддинова шомиланд. Мусобиқаи байналмилалии камонварӣ дар Туркия марҳилаи аввали рақобатҳо барои дарёфти ҷоизаи «Гран-при»-и Аврупо маҳсуб мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG