Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳдномаи ризоияти миллӣ як узви дигарашро аз даст дод


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, фаъолияти худ дар Шӯрои ҷамъиятии ризояти миллии ин кишварро ба ҳоли таълиқ даровардааст ва ин хабар як рӯз баъди он эълон мешавад, ки Ҳизби Демократ низ ба нишони эътироз аз амалкардаҳои давлат ва боздошти раиси ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров фаъолияти худ дар чаҳорчӯби Аҳдномаи ризояти миллиро мутаваққиф кард.
Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзат дар мавриди далели ҳизбаш барои иттихози чунин тасмим гуфт, ҳизби онҳо пас аз интихоботи порлумонӣ чун дигар аҳзоби кишвар аз Комиссияи марказии интихобот хоста буд, бинобар тақаллубкориҳо дар ҳавзаҳои шаҳри Душанбе интихоботи такрорӣ баргузор кунад, вагарна ҳизб аз Шӯрои ризоияти миллӣ хориҷ хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, чун ин тақозои ҳизбҳо амалӣ нашуд, Ҳизби Наҳзат тасмим гирифт, фаъолияти худро Шӯрои ҷамъиятӣ муваққатан боздорад.
Ҳизби Наҳзати Ислом дар ҳоле аз Аҳдномаи шӯрои ҷамъиятӣ ба сурати муваққат канор рафтааст, ки як ҳизби дигари сиёсии Тоҷикистон Ҳизби Сотсиалистӣ то кунун музокироташ барои пайвастан ба ин аҳдномаро идома дода ва акнун мегӯяд, ба далели тақаллуб ва тахаллуф дар интихобот ба ин аҳднома нахоҳад пайваст. Аҳдномаи ризояти миллӣ ва Шӯрои ҷамъиятӣ як ниҳоди ҷамъиятист, ки дар соли 1994 миёни аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва марбут ба аққалиятҳо имзо шуда ва таъсис шуда то кунун ба изофаи 70 ташкилоти иҷтимоӣ панҷ ҳизби сиёсӣ низ узвияти онро дошт. Раҳбари он президент Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG