Пайвандҳои дастрасӣ

Посухҳо ба саволи мо: Шумо ба кӣ ва ё чӣ бовар доред?


Ассалому алейкум.
Ташаккури зиёд, ки ба ман бовар карда, ин суолҳоро мепурсед.
Рости гап, ман ба ҳеҷ кас бовар надорам, на ба раиси ҷумҳур, на ба ҳукумат, на ба ҳизбҳои мухолиф. Барои он ки ҳамаи онҳо мардумро тела-тела мекунанду вақто ки ба курсӣ нишастанд мардум аз ёдашон мебарояд. Фақат барои кисаҳояшон ҳастанду халос. Аз худо наметарсанд, ғами беҳбудии кишвар ва мардумро намехӯранд. Чи хеле ки президенти "ғамхорамон" мегӯяд, ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст, валекин дар тамоми донишгоҳҳо устодоне, ки ба ин ҷавонон дарс медиҳанд, музди хуб намегиранд. Баъд аз даҳ соли дигар аз ин ҷавонон ба ғайр аз бесаводу дузду фиребгар кӣ ба воя мерасад?

Боз як чизи дигар. Ман дар хориҷи кишвар ҳастам ва тақрбан аз 1 моҳ зиёдтар шуд, мо аз радиои шумо маҳрумем. Чаро? Намедонам. Сабабашро менавиштед, бисёр хуб мешуд.
Хайр, дар амони худо бошед.
Карим Каримов

----------------------------------------------

Ба номи худои бузург ва меҳрубон.
Ман шахсан ба президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов бовар дорам. Мо эҳсос мекунем, ки вай демократияро дар Тоҷкистон амалӣ намуда истодааст ва намунааш ҳамин ки ҳар кас ҳар куҷое хориҷ аз кишвар сафар мекунад, тоҷир меравад аз қафои тиҷораташ, донишҷӯ барои илм омӯхтан, хоҳ динӣ бояшд, хоҳ дунявӣ. Хуллас кас озод аст. Озодии баён ва матбуот ва чизҳои дигар.
Аммо аз уламои дини Тоҷикистон боварӣ надорам. Онҳо буданд, ки дар се-чор моҳи охир ҳуқуқи занҳоро зери по гузоштанд ва фатвои ширкат накардани занҳоро дар масҷидҳо эълон карданд. Дар куҷои Қурон гуфта шудааст, ки занҳо дар намози ҷамоат нараванд ё дар куҷо паёмбар гуфтааст инро, мо пайдо накардем. Имоми аъзам фатво дод бошад, мувофиқи замони худаш фатво додааст.
Худо нигаҳдор.
Мутаҳаррӣ.

---------------------------------
Ассалом акаи Аюбзод.
Дар Тоҷикистон ман ба деҳқоне бовар дорам, ки дар сари пахта кор мекунаду аз ташнагӣ димоғаш қоқ шудааст ва дар хона хӯрдание надорад.
Ба дигароне ки ҳастанд дар сари ҳукумат, ҳайронам ки чӣ ҷавоб хоҳанд гуфт ба Худованд?
Ҳасан Исматуллоев
--------------------------------

Ман бештар аз ҳама ба президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмонов бовар дорам.
Анвархӯҷа Тӯраев

---------------------------

Салом, барномаи Ҳамнафас
Ахиран ба хулосае омадам, ки на ба оппозитсия, на ба ҳукумат ва на ба президент бовар кардан мумкин нест. Вақте мухолифин гуфтанд, ки агар шикояти онҳо пиромуни қонуншиканӣ дар интихоботи порлумонӣ ба назар гирифта нашавад, аввал ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, баъдан аз узвият дар Шӯрои ҷаъмиятӣ мебароянд ва аз ризоияти миллӣ даст мекашанд, бо ин васила хостанд, дили мардумро ба худ гарм намоянд. Мо ҳам бо як боварӣ, ки имрӯз танҳо мухолифин метавонанд моро аз бӯҳрони сиёсӣ раҳоӣ бахшанд, ҷонибдорашон шудем. Аммо дидем, ки онҳо на танҳо аз ӯҳдаи иҷрои гуфтаҳояшон набароманданд, балки бовари мардумро зери по карданд. Мо акнун ба кадом далел ба мухолифин бовар кунем? Оё барои он ки ҳар замон бо суханҳои сентсатсионияшон худро ба мардум дардошно нишон медиҳанд, вале амал надоранд?
Ба порлумон ва аъзои он низ куллан бовар кардан нашояд. Пеш аз депутат шудан ваъда медиҳанд, баъд аз соҳибмансаб шудан ин ваъдаҳоро фаромӯш мекунанд. Ба президент ҳам боварӣ нест. Ман акнун фақат ба қувваи худам бовар дорам. Зеро ҷуз ман каси дигаре маро фаҳмида наметавонад. Баъзан вақт ҳатто худам низ ба ваъдаам вафо намекунам. Барои ҳамин дар байни мардуми тоҷик як мақол аст, ки "Чашми чапам чашми ростамро фиреб медиҳаду чӣ хел ман ба дӯстам бовар кунам". Ростӣ, ба боварии касе сазовор шудан кори осон ҳам нест. Кӯшиш кунед, ки ақаллан радиои Озодӣ ба боварии мардум сазовор бошад.
Шуморо дар амони Худо месупорам.
Дабир Кабиров
---------------------------------

Ман дар ин масъалаҳо чизе гуфта наметавонам, зеро ин сиёсат аст ва ман ба сиёсат қӯш шуданӣ нестам.
Фаридун Маҳкамов

----------------------------

Умеди мо, ояндаи мо, бовари мо ба ҷавонон мебошад. Агар дар шакли математикӣ гӯем, бовари худро метавон чунин шарҳ дод:
Ба президент - 8 дарсад (мақоми раҳбари кишвар як мақоми бузург аст ва маънии раҳбари як маҳалла ё як гурӯҳро надошта, раҳбару соҳиби ҳамаи кишвару миллатро дорад ва бояд ғами ҳамагонро бихӯрад.)
Ба порлумон - 2 дарсад ( он на аз рӯи гуногунии афкор дар ҷомеа, балки аз рӯи садоқати шахсӣ ва синнусол таркиб ёфта, ба истилоҳ ҷои нафақахӯрон мебошад, дар ҳаёти кишвар таъсири ҷиддии мустақилона надорад).
Ба додгоҳ - 5 дарсад (дар кисаи раиси ҷумҳур ва ҳокимон аст, мустақил нест, дар ришва фурӯ рафтааст).
Ба ҳизбҳои мухолиф - 7 дарсад (аз паси манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ давида гаштаанд, бо мардум робитаи наздик надоранд ва аз ин рӯ қувваи мухолифат карданро ҳам надоранд).
Ба уламои дин - 10 дарсад (дар рӯзҳои аввали истиқлолият хостанд, ҳокими кишвар шаванд, натавонистанд, ҳоло фикр мекунанд, фақат онҳо ҳақ доранд, ҳокими дини мардум бошанд, ҳол он ки дин ба ҳама тааллуқ дорад).
Ба матбуот - 28 дарсад (афсӯс, озод нест, аммо назар ба дигар давлатҳои минтақа каме беҳтар аст, тарсу аст ва аз сӯи дигар ба аъмоли носанҷидаву нодақиқ роҳ медиҳад).
Ба ҷавонон - 40 дарсад (дарвоқеъ бо суръат рушд меёбанд ва ояндаи миллату давлат ҳастанд, рӯҳияи ватанпарварии ҷавонон хеле қавист ва маҳалгароӣ дар байни онҳо нест).
Бо эҳтироми бузург
Мустафо

-----------------------------

Салом.
Посухи ман ин гуна мебошад. Аввал ба худо бовар дорам, зеро одам ҳамеша ниёзманди такия бар ӯст ва парвардигор беҳтарин такиягоҳ аст. Сипас ба худам бовар дорам. Ончунон, ки тоҷикон мегӯянд, "ба умеди худо бошу буттаро маҳкам дор".
Бо эҳтиром
Нурулло

---------------------------------
Мо чунин меҳисобем, ки айни замон дар шароити печидаи сиёсӣ ба касе наметавон бовар кард. Бу ҷуз ба худ ва нирӯи худ. Зеро тақдири фармондеҳоне, ки дирӯз "падари миллат" буданду имрӯз паси панҷара водор месозад, ки ба касе бовар насозӣ.
Аслам Сангинов
--------------------------------

Салом...
То ҳоло банда ба кадом яке аз мақомот эътимод надоштам ва надорам ва дар оянда агар таҳти ҳамин шиор ва раивше ки ҳаст, равем, эътимод карда ҳам наметавонам. Ҳамаи ин мақомоти давлат тобеъи як нафар ва як ҳизб мебошанд. Ин шахс ва ин ҳизб дар шароити имрӯза як сиёсати номаълумро ихтиёр кардааст ва ба куҷо дорад сайр мекунад, то ҳол ба ягон кас маълум нест. Ва агар хато накунам, худи эшон дар нимароҳ мутаваққиф шудаву намедонанд ба куҷо раванд. Ва дигар нахустин орзуе ки доштам ҳамин буд, ки дар интихботи 27-уми феҳврал ҳизби ҳоким ба дигар ҳизбҳо ҳадди ақал ҷойҳои мунсоибе хоҳад дод. Яъне 35-37 дарсади овозҳоро дар номи худ мегузаронду боқимондаро аз рӯи ақл ва адл ба дигарон. Локин ин ҳама як хаёле будааст ва ҷаноби Раҳмонов роҳро барои боқӣ мондани хеш дар курсӣ то соли 2020 ҳамвор кард.
Як сол пеш яке аз хабарнигори шумо бо як мӯйсафеди 81-сола, ки дар ҷанги ҷаҳонии дувум иштирок кардааст, ҳамсӯҳбат шуд ва он мард аз рӯзҳои сахти ба сараш омада ҳикоят карда гуфта буд, дар сафари Олмон дид, ки як кишвари дар ҷанг шикастхӯрда имрӯз чӣ хел шукуфон аст. Гуфт, сабаб дар он аст, ки мардуми он ҷо аз рӯи ақл ва бо итоат ба қонун амал карданд. Инро мешавад ба сарони кишварамон ёдовар шуд.
Ба порлумон ҳам боварӣ нест, аъзои он пеш аз интихобот ваъдаҳои бузург медиҳанд, баъд фақат мушкилоти худу хешу табори худро ҳал мекунанд. Гоҳе мешунавем, ки мегӯянд, акнун ин наслҳо тамом шуда, бовар танҳо ба ҷавонон аст. Аммо, ростӣ, вақте онҳоро бо ҷавонони масалан, гурҷистон ё Қирғизистон қиёс мекунем, мебинем, хеле аз дарки сиёсат ва авзоъ дуранд. Хулоса, кас намедонад ба кӣ ва ё чӣ умед баста метавонад.
Мусофири Тоҷик
----------------------------

Ассалом.
Ман танҳо ба як кас бовар дорам, ки ӯ Додоҷони Атовулло, журналисти сарсахти миллати тоҷик аст. Ман ба ӯ 100 дарсад бовар дорам. Пайваста ранҷ мекашаду менависад аз ноҷӯриҳои ҳукумати Раҳмонов. Саломи маро ба он кас расонед.
Алишер Охунов
-----------------------------------------
Аз ин ки нома навиштед як олам муташаккир ҳастам. Худованд ҳамеша ёру кӯмакрасони шумо бод. Агар иҷоза бидиҳед рӯи ин суол фикр кунам, чун ҷавоби бисёр дақиқе мехоҳад ва ҳамин тур намешавад ҷавоб дод. Яъне ки мешавад, аммо ба назари худам ҷавоби ман қонеъкунанда нест. Ҳам мехоҳам худам қонеъ шавам ва ҳам мухотаб.
Бо эҳтиром шунавандаи радиои Озодӣ
Алии Ҳакимӣ

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG