Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости адибони кишварҳои муштаракулманофеъ аз UNESCO


Чеҳраҳои саршиноси фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ, бо ирсоли як номаи боз аз идораи илм фарҳанг ва маорифи Созмони Милали Муттаҳид UNESCO даъват кардаанд, ки аз раванди эҳёи шахсиятҳои ҳаросангези таърих, ки ба барҳамзани тамаддунҳо мусоидат кардаанд, ҷилавгирӣ намояд.
Дар нома омадааст, ки пас аз ҷашнвораи Темур ва гузоштани пайкараи бузурги дар Самарқанд, Муғулистон аз дафтари UNESCO даъват ба амал овардааст, ки соли ҷорӣ дар ин сарзамин аз 840-умин солгарди Чингизхон таҷлил кунад. Шоири саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат, ки зимни баргузории ҷаласаи ҳамоиши тамаддунҳои Авруосиё зери ҳамин нома имзо гузоштааст, мегӯяд, ғараз аз дарҷи нома на танҳо ҷилавгирӣ аз таҷлили зодрӯзи Чингизхон - як чеҳраи ҳаросангези таърих дар Улан-Батор будааст. Мӯъмин Қаноат мегӯяд: «Раванди ахирии эҳёи зӯроварӣ ва шахсиятҳои ҷангталаб, ҳамчун Темури Ланг, Чингизхон, Наполеон ва дигар шахсиятҳо, ки ҷаҳонро якборӣ хароб кардаанд, дар бархе аз мамолики шарқу ғарб ба чашм мехӯрад ва ин раванд метавонад ҷомеаи ҷаҳониро пешорӯи фошисми қудратхоҳ қарор диҳад.»
Ва аммо Мӯъмин Қаноат мегӯяд, дар таркиби ҳар миллат бидуни ҷангсолорон ҳастанд афроде, ки барои тамадуни башар хидматҳои арзанда кардаанд ва UNESCO бояд барои тарғиби ҳамин чеҳраҳо мусоидат кунад. Зери номаи боз ба идораи илм, фарҳанг ва маорифи СММ чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии кишварҳои ҳамсуд ҳамчун Чингиз Атйматов аз Қирғизистон, Олҷас Сулаймонов аз Қаззоқистон, Довуд Қуғултинов аз Қалмиқситон ва даҳҳо нафари дигар имзо гузоштаанд. Дар ҳамин маврид, ҷониби Муғулистон дар баробари бунёди муҷассамаи 20-метраи Чингизхон дар Улан-Батор ва 9 ҳайкали ҳар кадом 10-метраи лашкаркашони ӯ аз UNESCO даъват кардааст, ки ба ҷашнвораи 840-солагии Чингизхон мақоми байналмилалӣ диҳад.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG