Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили рӯзи байналмилалии матбуот дар Тоҷикистон


Мушкилоти дастрасӣ ба манобеъи хабарӣ, дарёфти муҷаввиз барои расонаҳои савтиву тасвирии мустақил ва таҷдиди назар дар наҳваи расонидани нашрияҳо ба аҳолии кишвар аз мавзӯоти аслии баҳси нишасти бахшида ба рӯзи байналмилалии матбуот дар Душанбе буд, ки бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз нишаст, ки бо мадади Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Бунёди Авруосиё доир шуд, таъкиди нақш ва ҳузури матбуот дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равандҳои демократӣ дар кишвар ва ҳамчунин ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ба мушкилоти матбуот мебошад.
Марат Мамадшоев - хабарнигори мустақили тоҷик ва аз гузоришгарони нишасти мазкур тарзи бархӯрд ва муносибати мақомоти расмиро бо нашрия, радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ дар як соли ахир нигаронкунанда арзёбӣ кард. Вай бо баршумурдани мушкилоти ба гуфтаи ӯ, маснӯӣ дар роҳи рушди матбуоти мустақил аз ҷумла боздоштани нашрияҳои мустақили "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан", "Оламу Одам" ва "Адолат" ҷилавгирӣ аз фаъолияти чопхонаҳои мустақил, қатъи пахши барномаҳои телевизионҳои "Сомониён" ва "Гули Бодом", бидуни кадом далоил надодани муҷаввиз барои телевизион ва радиоҳои ғайридавлатӣ ва ҳамин тавр таъхири тӯлонӣ дар сабти номи расонаҳо афзуд: "Бештари коршиносон мӯътақиданд, ки ба вахомат гароидани вазъи матбуот ба интихоботҳо иртибот дорад, аммо ман дар ташвишам, ки дар воқеъ ин сиёсат тӯлонӣ ва хеле ҷиддӣ мебошад."
Ричард Ҳоугланд - сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни суханронии худ дар нишасти мазкур изҳор дошт, ки дастрасӣ ба манобеи иттиллотӣ ва ҳамин тавр соддасозии наҳваи дарёфти муҷаввиз барои расонаҳои савтиву тасвирӣ имкони фаъолияти хуби хабарнигорро фароҳам хоҳад кард. Дар фароварди нишасти бахшида ба Рӯзи байналмилалии матбуот унвонии раиси ҷумҳур ва порлумони Тоҷикистон як муроҷиатнома қабул шуд, ки дар он мусоидат дар соддасозии наҳваи дарёфти муҷаввиз, таъсиси Шӯрои мустақили ироаи муҷаввиз, ташкили шабакаи алтернативии тавзеъи нашрияҳо ва ислоҳи қавонини алоҳидаи марбути матбуот дархост шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG