Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Демократ фаъолияти худ дар Шӯрои ҷамъиятиро боздошт


Раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон имрӯз 3 май эълон кард, ки фаъолияти худро дар Шӯрои ҷамъиятии ин кишвар, ки раҳбараш президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, бозмедорад. Раҳматулло Валиев муовини раиси Ҳизби Демократ ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин қарор бинобар боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раиси ҳизб ва тақаллубкориҳо дар интихоботи гузаштаи порлумонии Тоҷикистон қабул шуд. Раҳматулло Валиев иброз дошт, то замоне ки қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба таври мусбат ҳал нашавад ва дар Тоҷикистон интихоботҳои демократӣ сурат нагирад, Ҳизби Демократ фаъолияти худро дар Шӯрои Ҷамъиятӣ аз сар нахоҳад гирифт.
Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳамчунин аз раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин тақозо кардааст, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мусоидат кунад. Ин ҳизб дар ҷаласаи раёсати худ муроҷиатномае ба номи раиси ҷумҳури Русия, Додситонии Кулли ин кишвар қабул карда ва аз додситонӣ тақозо намудааст, ки масъулони боздошт ва рафтори ғайриқонунӣ раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистонро ба масъулият бикашанд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров моҳи гузашта баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳи шаҳри Маскав баногоҳ аз назди иқоматгоҳи худ дар наздикиҳои ин шаҳр нопадид шуд ва баъдан додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов эълон кард, ки ӯ боздошт шудааст. Ба гуфтаи вакилони раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ва раиси собиқи ширкати давлатии "Тоҷикгаз", Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро афроди ношинос рабуда ва бо ҳавопаймои низомӣ ба Тоҷикистон оварда, ба мақомоти интизомии ин кишвар супурдаанд.
Додситонии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дар сӯистифода аз мансаб, аз худ кардани моликияти давлат ва терроризм муттаҳам мекунад. Аммо Ҳизби Демократи Тоҷикистон боздошт ва иттиҳомот ба ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG