Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Тоҷикистон хостори шарҳи мақомоти Душанбе ва Маскав дар қазияи Искандаров шуданд


Садорати Ҳизби Демократи Тоҷикистон шеваи боздошт ва интиқоли раиси ин ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаровро аз Маскав ба Душанбе ғайриқонунӣ номида, дар як нома ба президенти Русия, додситони кулли ин кишвар ва президенти Тоҷикистон хостори рушанӣ дар ин қазия шудааст. Ноиби раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев гуфт, барои аъзои ҳизб ва ҷомеаи Тоҷикистон наҳваи овардани Искандаров ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст, зеро бар асоси қонунҳои Русия ва бо таъйиди додситонии кулли ин кишвар ахиран Искардаров бо гузашти чаҳор моҳи маҳбас дар Маскав бегуноҳ дониста ва озод шуда буд. Валиев афзуд, ҳамзамон ин нома ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва сафорати кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Бритониё ва Олмон фиристода шудааст. Валиев гуфт, дар сурати бепосух боқӣ гузоштани ин нома аз суйи мақомоти Тоҷикистон Ҳизби Демократ аз узвият дар Шӯрои ҷамъиятии кишвар хориҷ хоҳад шуд.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон шеваи ҳабси Искандаровро ошкор накарда, гуфтаанд, вай рӯзи 22-юми апрел дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Аммо вакилони мудофиаи Искандаров аз қавли худи ӯ эълон карданд, ки Искандаров рӯзи 16-уми апрел дар Маскав тавассути афроди номаълум боздошт ва бо чашму дастони баста субҳи 17 апрел бо тайёра ба Душанбе оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG