Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон пардохти нафақаи бознишастагон ба низом дароварда мешавад


Бунёди ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Банки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, бо мақсади ҷилавгирӣ аз тақаллуб дар пардохти нафақаи бознишастагон ва дар сари вақт ба онҳо расондани нафақа рӯйихати умумии нафақагирони ҷумҳурӣ ва як низоми нави пардохтро омода кунанд. Раиси Бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Мӯин Холиқов гуфт, таҳияи руйихати ном ба номи бознишастагон оғоз ёфтааст. Вай афзуд, дар ин кор Вазорати шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ низ иштирок мекунад. Бар асоси омори расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 523 000 бознишаста сабти ном шудааст. Ҳаддиақали нафақаи бознишастагӣ ҳоло 12 сомонӣ ва ё наздик ба 4 доллари амрикоӣ аст. Вале банкҳо дар аксар маврид бо ҳар баҳона ин маблағро дар вақташ намедиҳанд. Раиси Банки миллии Тоҷикистон, Муродалӣ Алимардонов, мегӯяд, акнун нақшаи мушаххаси замони пардохти нафақа таҳия мегардад ва шӯъбаҳои Амонатбанк вазифадор мешаванд, бидуни таъхир онро иҷро кунанд. Ҳамчунин мувофиқи тартиби нави пардохти нафақапулӣ мӯҳлати баррасии асноди лозима барои гирифтани ҳаққи нафақа аз 3 моҳ то ба 3 рӯз коҳиш хоҳад ёфт.
Аммо раиси Почтаи давлатии Тоҷикистон Маҳбуба Каримова ба радиои Озодӣ гуфта буд, тибқи қонун расондан ва пардохти нафақапулӣ яке аз вазифаҳои почта буда, муваққатан дар ихтиёри Амонатбанк гузошта шудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG