Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури ҳабсро кӣ бояд диҳад: додситон ва ё додгоҳ?


Раиси нави Додгоҳи Олии Тоҷикистон талоши ба ихтиёри додгоҳҳо вогузор кардани ҳакқи судури дастур ё санксияи боздошт, ҳабс, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва гӯш кардани сӯҳбати телефонии афроди таҳти тардиди мақомотро дуруст ва бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ кард. Ҳизбулло Хоҷаев -- раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт мақомоти додгоҳӣ ба ҳайси як шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дар бештари кишварҳои ҷаҳон ҳаққи иҷозаи боздошт ва ё ҳабсро дар ихтиёр дорад.
Мубоҳисоти миёни додситонӣ ва додгоҳи кишвар барои салоҳияти ҳаққи иҷозаи ҳабс ва боздошт аз чанд сол ба ин сӯ идома дорад. Қонунгузории Тоҷикистон аз ҷумла қавонини кайфарӣ ва мурофиавӣ- ҷиноии кишвар ҳуқуқи боздошт, ҳабс ва ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандро ба мерос аз замони шӯравии пешин ҳамоно дар салоҳияти додситонӣ боқӣ гузоштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои шӯравии пешин ба мисли Русия ва давлатҳои соҳили Балтик қонунҳои худро ислоҳ ва бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карданд.
Ба назари коршиносони риштаи ҳуқуқи кишвар ҳокимияти додгоҳӣ дар Тоҷикистон фақат дар ҳамоно ҳолате мустақил ва ба сифати як ниҳоди новобаста аз шохаҳои дигари ҳокимият метавонад фаъолият барад, ки иҷозаи боздошт, ҳабс ва ба ҷавобагарии ҷиноӣ кашидани шаҳрвандро дар ихтиёр дошта бошад.
Ойниҳол Бобоназарова - доктори риштаи ҳуқуқ мӯътақид аст, дар ҳоле додситон аз мавқеи тафтишот иҷозаи боздошт ва ҳабс содир мекунад, наметавонад бо нафари муттаҳам пурсиш ва бархӯрди холисона дошта бошад ва дар сурати барои мисол гузаштани се ва ё чаҳор моҳ ва исботи бегуноҳӣ ӯро раҳо созад. Дар ин ҳолат барои судури нодурусти дастури боздошт ва хисороти расида ба нафари боздоштшуда бояд посух гуфт, ки ин гуна натиҷа бар манфиати додситон нест.
Ба назари Ватан Абдураҳмонов директори маркази таълими ҳуқуқӣ то замоне аз дасти додситон ҳаққи иҷозаи боздошт ва ё ҳабс ва умуман иҷрои бархе аз тадобири фаврӣ гирифта намешавад ин идора метавонад, фаъолият ва ҳукми додгоҳро зери назорат бигирад. Ин ҳам дар ҳолест,ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ҳокимияти додгоҳи шохаи мустақил дар умури идораи давлат эълом шудааст. Аммо Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, ки барои бори дуввум ба ин вазифа тайъин шудааст, мухолифати худро дар ин қазия пинҳон накард. Вай гуфт дар ҳоли ҳозир чанд омиле вуҷуд дорад, ки намегузорад ҳаққи иҷозаи боздошт, ҳабс ва дигар тадобири хос ба раводиди додгоҳ дода шавад. Вале Ҳизбулло Хоҷаев -раиси нави Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ин андешаи додситони кулл розӣ нест. Ӯ омода набудани додгоҳ ва додрасҳоро барои дар ихтиёри худ гирифтани салоҳияти дастури ҳабс ва боздошт бепоя меҳисобад.
Ба ҳамин тартиб ҳарду ҷониби баҳскунанда интизори қабули лоиҳаи Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии Тоҷикистон аз сӯи парлумон мебошанд, ки бояд сарнавишти масъаларо ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG