Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сӯиқасди се генерали тоҷик, Амрико ва инқилобҳои рангин, асрори интихоботи гузашта"


"Азия Плюс" дар саҳифаи аввали шумораи ин ҳафтаи худ аксҳои собиқ фармондеҳон -- Маҳмадрузӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимовро ҷой дода, навиштааст ки якбора се генерали тоҷик аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор мешаванд. Нашрия бо ишора ба таҳвили мармузи Искандаров ба Тоҷикистон иддаъои додситониро, ки Искандаров дар Душанбе дастгир шудааст, дасисаи асосии хабарӣ дар ҳафтаи гузашта номидааст.
Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигори ҳафтаномаи "Азия Плюс" даст доштани кишварашро дар таҳаввулоти сиёсии Гурҷистон, Украина ва ахиран Қирғизистон рад намудааст. Ҷаноби Ҳоугленд фасодзадагии мақомоти давлатӣ, нодидагирии ҳуқуқи мардум ва шеваи ноодилонаи баргузории интихоботҳоро аз сабабҳои аслии вуқӯъи инқилобҳои рангин дар ин мамолик донистааст.
Платформаи ноустувори аҳзоби сиёсӣ боиси сар задани камбудиҳои ҷиддӣ дар рафти интихобот гардидааст. Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии "Тоҷикистон" бо ин унвон матлаберо ба нашр расонида, дар он аз қавли Муҳибулло Додоҷонов раҳбари дафтари Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон навиштааст ки дар аксар ҳавзаҳои интихоботии навоҳии Душанбе, Масчоҳу Конибодом, Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Шаҳринаву Файзобод ҳангоми овоздиҳӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доштаанд. Оқои Додоҷонов бо таъхир сабти ном шудани номзадҳо ва таъсири аз ҳад беши ҳокимиятҳои маҳалӣ дар интихоботро аз камбудиҳои аслӣ дар ин ҳавзаҳо номидааст.
" Наҷот" низ дар матлабе ба мавзӯъи интихоботи гузаштаи порлумонӣ баргашта ба ин нукта таъкид менамояд, ки раванд ва анҷоми ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба таври воқеъӣ ба раис ҷумҳур Раҳмонов гузориш нашудааст. "Наҷот" дар ин кор масъулини Кумисюни марказии интихобот ва мақомоти ҳуқуқиро гунаҳгор хонда афзудааст гузоришҳо дар ин замина аз руи адолат ва ҳакикат ба сарвари давлат ирсол нашудаанд. "Курйер" дар остонаи рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод навиштааст, имрӯз нашрияҳои ғайридавлатии Тоҷикистон бо ҳар роҳ талош меварзанд то аз инъикоси мавзӯъҳои доғ худдорӣ намоянд. Ин ҳолат ҳамакнун дар ҳафтаномаҳои нисбатан қавии кишвар назири "Азия Плюс", "Вечерний Душанбе" ва "Тоҷикистон" низ ба мушоҳида мерасад. Ин дар ҳолест натиҷагирӣ намудааст "Курйер" бо доштани имконоти васеъ ва сатҳи хуби ҳирфаӣ ин нашрияҳо метавонанд дар рушд ва такомули матбуоти озоди Тоҷикистон нақши босазо дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG