Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти симои қолабии мусулмонон дар Ҳолливуд


Симои хашмгини шайхҳои араб, террористон ва ё рақси шикаму занони асроромези чодарпӯшро дар ин филм нахоҳед дид. Бо чунин ҷумла шурӯъ кардааст, матлаби худро шореҳи Крисчен сайенс монитор дар робита ба нахустнамоиши филми нави Ридли Скот (Riddley Scott) бо номи "Мулки биҳиштӣ"("Kingdom of Heaven"). Скот, ки коргардони филми машҳури "Гладиатор" мебошад, ин бор ба давраи ҷангҳои салибӣ ва лашкаркашиҳои Салоҳиддин рӯ оварда, андешаеро ба миён мегузорад, ки ҳанӯз аз он замон насрониҳо ва мусулмонон дониста буданд, ки метавонанд, дар сулҳу тафоҳум ба сар баранд. Вай мегӯяд: "Ин як қиссаи хеле пуршӯри қаҳрамонист ва сипаҳсолорони ҷавонмард онҳое ҳастанд, ки мо дӯст медорем, тамошо кунем."
Достони филм бар пояи сарнавишти лашкаркашоне сохта шудааст, ки барои ба даст овардани Байтулмуқаддас вориди ҷангҳои хунине мешаванд. Вақте сарлашкари ислом Салоҳиддин Байтулмуқаддасро аз насрониҳо бозпас мегирад, дар миёни вайронаҳои он мегардад ва ногоҳ салиберо дар рӯи хок мебинаду онро бардошта дар ҷои баланд мегузорад.
Бо зикри чунин саҳнаҳо ва бархӯрди куллии филмсозон шореҳон менависанд, паём ин аст, ки дар ҳеҷ ҷиҳате байни мусулмонон ва насрониён тафовут вуҷуд надорад.
Сарони ҷомеъаҳои араб ва эронии Амрико низ ин нуктаро қайд карда, гуфтаанд, то ҳол дар бархӯрд бо мусулмонон як сардӣ ва нописандӣ эҳсос мешуд ва ин филм як қадами кӯчаке ба самти тағйири муносибат аст. Аммо устоди донишгоҳи Куин Мари, дар Лондон гуфтааст, паёми филм хилофи ҳақиқати таърих аст. Сулҳхоҳии насрониён ва мусулмонон аз як бозии дипломатӣ беш набуд. Вай изофа мекунад, ки филм метавонад, аксисадои эҳсосоти имрӯзаи бархе аз намояндагони ду ҷониб бошад.
Поёни филм чунин аст, ки лашкаркашон аз миёни ҳазорон ҷасад мегузаранд ва мегӯянд, оё Байтулмуқаддас, ин чанд санг чӣ буд, ки ин қадар одам кушта шуд. Дигари посух медиҳад: "Ҳеҷ чиз". Ва баъд аз сукуте меафзояд: "Ҳама чиз".
XS
SM
MD
LG